https://sputnik.tj/20230428/manturov-tojikiston-rusiya-park-sanoati-1056744927.html
Мантуров: Тоҷикистону Русия паркҳои саноатӣ месозанд
Мантуров: Тоҷикистону Русия паркҳои саноатӣ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Русия итминон дорад, ки ҳамкории кишварҳо дар самти саноати сабук, металлургия, энергетика ва тиб барои оянда замина мегузорад
2023-04-28T12:15+0500
2023-04-28T12:15+0500
2023-04-28T12:15+0500
дар тоҷикистон
саноат
денис мантуров
боздид
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056680837_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_d4eb683a51331265419e876e8502536c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Русияро зарур аст, ки барои эҷоди замина барои рушди ҳамкориҳои саноатӣ корҳоро идома диҳанд. Ин нуктаро муовини сарвазири Русия, вазири саноат ва савдо Денис Мантуров таъкид кард. Ноиби сарвазири Русия аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори саноат, аз ҷумла саноати сабук, металлургия, энергетика ва тибу дорувориро ном бурд. Мантуров инчунин қайд кард, ки ин соҳаҳо таҳкурсии оянда мебошанд. Ҳамзамон барои ҳалли масоили ҷорӣ миёни давлатҳо дар бораи таъсиси паркҳои саноатӣ созишнома баста шуд. "Сухан дар бораи бунёди майдонҳои саноатӣ меравад, ки дар он мо метавонем ба зудӣ технопарки саноатӣ таъсис диҳем, то операторони иқтисодие, ки ба бозори Тоҷикистон нигаронида шудаанд, дар он ҷойгир кунем", - илова намуд ӯ. Қаблан Тоҷикистону Русия дар бораи стандартҳои ягонаи танзими техникӣ ба мувофиқа расида буданд. Созишнома дар ҳошияи нишасти 21-уми Комиссияи байнидавлатии СААД оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодӣ ба имзо расид. Созишномаро масъулини ниҳодҳои стандартизатсия ва метрологияи Русия ва Тоҷикистон имзо карданд.
https://sputnik.tj/20230427/rahmon-korkhona-mushtarak-jalbi-sarmoya-tekhnologiyai-rusiya-1056738523.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056680837_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_c052d340c017506125a472e0603bdb2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
денис мантуров, оянда, ҳамкорӣ, тоҷикистон, русия
денис мантуров, оянда, ҳамкорӣ, тоҷикистон, русия
Мантуров: Тоҷикистону Русия паркҳои саноатӣ месозанд
Муовини сарвазири Русия итминон дорад, ки ҳамкории кишварҳо дар самти саноати сабук, металлургия, энергетика ва тиб барои оянда замина мегузорад
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Русияро зарур аст, ки барои эҷоди замина барои рушди ҳамкориҳои саноатӣ корҳоро идома диҳанд.
Ин нуктаро муовини сарвазири Русия, вазири саноат ва савдо Денис Мантуров таъкид кард.
"Бо дастгирии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минбаъдаи соҳаҳое, ки кишварҳои мо ба он манфиатдор мебошанд, мутмаинам", - изҳори боварӣ кард ӯ.
Ноиби сарвазири Русия аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори саноат, аз ҷумла саноати сабук, металлургия, энергетика ва тибу дорувориро ном бурд. Мантуров инчунин қайд кард, ки ин соҳаҳо таҳкурсии оянда мебошанд.
Ҳамзамон барои ҳалли масоили ҷорӣ миёни давлатҳо дар бораи таъсиси паркҳои саноатӣ созишнома баста шуд.
"Сухан дар бораи бунёди майдонҳои саноатӣ меравад, ки дар он мо метавонем ба зудӣ технопарки саноатӣ таъсис диҳем, то операторони иқтисодие, ки ба бозори Тоҷикистон нигаронида шудаанд, дар он ҷойгир кунем", - илова намуд ӯ.
Қаблан Тоҷикистону Русия дар бораи стандартҳои ягонаи танзими техникӣ ба мувофиқа расида буданд.
Созишнома дар ҳошияи нишасти 21-уми Комиссияи байнидавлатии СААД оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодӣ ба имзо расид. Созишномаро масъулини ниҳодҳои стандартизатсия ва метрологияи Русия ва Тоҷикистон имзо карданд.