https://sputnik.tj/20230429/istirohat-ruzi-mehnatkashon-tojikiston-tajlil-1056771255.html
Бе истироҳат: Маълум шуд, ки Рӯзи меҳнаткашонро дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мекунанд
Бе истироҳат: Маълум шуд, ки Рӯзи меҳнаткашонро дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 1 - уми май ва ё иди меҳнаткашон дар Тоҷикистон монанди дигар кишварҳо рӯзи истироҳат нест ва таҷлили он сари мези корӣ сурат мегирад
2023-04-29T17:40+0500
2023-04-29T17:40+0500
2023-04-29T19:33+0500
дар тоҷикистон
рӯзи меҳнаткашон
таҷлил
суғд
хуҷанд
корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/65/1028326515_0:91:3070:1818_1920x0_80_0_0_9aefd1f671a6597daa57d434446de66b.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Якуми май - иди якдидилии меҳнаткашон имсол ба рӯзи душанбе, оғози ҳафта рос меояд ва дар тақвими Тоҷикистон ҳамчун рӯзи хосу истироҳатӣ ишорат нашудааст.Дар ҳолест, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин санаро ба хотири ҳифзи мавқеи меҳнаткашон хос бо шукӯҳ таҷлил мекунанд.Дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам дар ин сана рӯзи истироҳатӣ эълон мешуд, аммо чанд соли охир аз миён бардошта шудааст.Самизода Мӯсобек, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои дубора барқарор намудани 1 уми май - рӯзи истироҳатӣ дар тақвим пешниҳод ироа шудааст.“Ҷамъиятҳои иттифоқҳои касаба пешниҳод кардаанд, ки дар ин сана ҳама аз кор фориғ ва иди меҳнаткашон хотирмон таҷлил шавад. Ин пешниҳодҳо аз ҷониби Раёсатҳои Иттифоқҳои касаба ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудаанд, баъди баррасии амиқ рӯзи 1 май ҳамчун иди меҳнаткашон минбаъд истироҳатӣ таъйин карда хоҳад шуд” - гуфт, раиси Иттифоқи касаба.Самизода афзуд, зимнан ҳарчанд рӯзи 1 уми май ғайриистироҳатӣ аст, вале дар ин сана онҳо ба суроғи омӯзгорони макотиб ва донишгоҳҳо рафта барқияҳои табрикотӣ эъто намуда ва ба ин шева аз рӯзи якуми май таҷлил карданиянд.Иди меҳнаткашон аз 1 майи соли 1886 ибтидо мегирад, ки дар шаҳри Чикагои Амрико коргарон бо талаби рӯзи кории 8 – саоата ба майдон рехтанд ва ин тазоҳурот ба задухӯрди хунин бо пулис анҷом ёфт. Соли 1889 Кунгураи порисии Интернатсионали II дар бораи ҳамасола баргузор кардани намоишҳо дар ин рӯз қарор баровард ва аввалин намоишҳои ҳамраъйии меҳнаткашон соли 1890 дар Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, Амрико, Норвегия, Фаронса, Шветсия ва дигар кишварҳо баргузор шуданд.Ҳукумати Шӯравӣ шурӯъ аз соли 1917 иди меҳнат ва ҳамраъйии меҳнаткашонро дар саросари Шӯравӣ ба роҳ андохт.Тоҷикистон ҳам таҷлили ин санаро, ки маъруф ба Иди якдилии заҳматкашони дунё аст, дар замони Шӯравӣ ва ҳам ибтидои Истиқлолият ботантана ҷашн мегирифт, вале сол аз сол он аҳамияти худро гум кардааст.
https://sputnik.tj/20230429/aloqai-mobili-tojikiston-qat-meshavad-1056770375.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/65/1028326515_237:0:2968:2048_1920x0_80_0_0_24dea58f6424e4a6c81e072fc8a1e0dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истироҳат, якуми май, рӯзи меҳнаткашон, таҷлил
тоҷикистон, истироҳат, якуми май, рӯзи меҳнаткашон, таҷлил
Бе истироҳат: Маълум шуд, ки Рӯзи меҳнаткашонро дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мекунанд
17:40 29.04.2023 (Навсозишуда: 19:33 29.04.2023) Эксклюзив
Рӯзи 1 - уми май ва ё иди меҳнаткашон дар Тоҷикистон монанди дигар кишварҳо рӯзи истироҳат нест ва таҷлили он сари мизи корӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Якуми май - иди якдидилии меҳнаткашон имсол ба рӯзи душанбе, оғози ҳафта рос меояд ва дар тақвими Тоҷикистон ҳамчун рӯзи хосу истироҳатӣ ишорат нашудааст.
Дар ҳолест, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин санаро ба хотири ҳифзи мавқеи меҳнаткашон хос бо шукӯҳ таҷлил мекунанд.
Дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам дар ин сана рӯзи истироҳатӣ эълон мешуд, аммо чанд соли охир аз миён бардошта шудааст.
Самизода Мӯсобек, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои дубора барқарор намудани 1 уми май - рӯзи истироҳатӣ дар тақвим пешниҳод ироа шудааст.
“Ҷамъиятҳои иттифоқҳои касаба пешниҳод кардаанд, ки дар ин сана ҳама аз кор фориғ ва иди меҳнаткашон хотирмон таҷлил шавад. Ин пешниҳодҳо аз ҷониби Раёсатҳои Иттифоқҳои касаба ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудаанд, баъди баррасии амиқ рӯзи 1 май ҳамчун иди меҳнаткашон минбаъд истироҳатӣ таъйин карда хоҳад шуд” - гуфт, раиси Иттифоқи касаба.
Самизода афзуд, зимнан ҳарчанд рӯзи 1 уми май ғайриистироҳатӣ аст, вале дар ин сана онҳо ба суроғи омӯзгорони макотиб ва донишгоҳҳо рафта барқияҳои табрикотӣ эъто намуда ва ба ин шева аз рӯзи якуми май таҷлил карданиянд.
Иди меҳнаткашон аз 1 майи соли 1886 ибтидо мегирад, ки дар шаҳри Чикагои Амрико коргарон бо талаби рӯзи кории 8 – саоата ба майдон рехтанд ва ин тазоҳурот ба задухӯрди хунин бо пулис анҷом ёфт.
Соли 1889 Кунгураи порисии Интернатсионали II дар бораи ҳамасола баргузор кардани намоишҳо дар ин рӯз қарор баровард ва аввалин намоишҳои ҳамраъйии меҳнаткашон соли 1890 дар Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, Амрико, Норвегия, Фаронса, Шветсия ва дигар кишварҳо баргузор шуданд.
Ҳукумати Шӯравӣ шурӯъ аз соли 1917 иди меҳнат ва ҳамраъйии меҳнаткашонро дар саросари Шӯравӣ ба роҳ андохт.
Тоҷикистон ҳам таҷлили ин санаро, ки маъруф ба Иди якдилии заҳматкашони дунё аст, дар замони Шӯравӣ ва ҳам ибтидои Истиқлолият ботантана ҷашн мегирифт, вале сол аз сол он аҳамияти худро гум кардааст.