“Барои киҳо?”: 1 май алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон қатъ мешавад

© Sputnik / Игорь Руссак / Гузариш ба медиабонкiPhone 6 и iPhone 6 plus
iPhone 6 и iPhone 6 plus - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз қатъ шудани алоқаи мобилӣ дар телефонҳое, ки шиносаи байналмилалӣ ё IMEI-ашонро сабт накардаанд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Ба боло ин, агар муштариён то 30 апрели соли равон аз сабти расмӣ нагузаранд, пас аз он шиносаҳояшонро бо пардохти маблағ сабт хоҳанд кард.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то 30 апрел кодҳои IMEI дастгоҳҳои телефони ҳамроҳ ба таври худкор ва ба сурати ройгон вориди системи давлатӣ мешавад.
“Ҳоло муштариён метавонанд шуморагирии дастури USSD *3366# ё дар веб-сайти imei.tj метавонанд вазъи дастгоҳи телефони ҳамроҳи худро баррасӣ кунанд. Ба онҳо паём меояд, ки сабт шудаанд, ё хайр”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.
Қарори №208 дар бораи сабти Шиносаи байналмилалии таҷҳизоти телефони ҳамроҳ ё IMEI (International Mobile Equipment Identity) – кодҳо дар Тоҷикистон 31 марти соли 2020 бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расида буд.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Посухи раёсати Хадамоти алоқа дар парлумон: супориши президент дар бораи интернет чӣ шуд?
Илҳомҷон Атоев гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ин иқдомро ба хотири ҷилавгирӣ аз воридоти ғайриқонунии дастгоҳҳои телефони ҳамроҳ, эҷоди пойгоҳи миллии кодҳои IMEI – и алоқаи барқӣ ва тазмини ҳифозат аз ҳуқуқи моликон бо масдуд кардани дастгоҳҳои телефони ҳамроҳи гумшуда ё дуздидашудаи онҳо унвон кард.
“Ин маворид дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳад, ки телефонҳои ҳамроҳ вақте дуздида мешаванд, пайдо кардани онҳо бидуни шиноса ғайриимкон мешавад. Дуздон аксаран дастгоҳҳои телефонро дуздида, ба Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои бурда, мефурӯшанд. Дар ҳоли сабти ном шудан ин телефонҳоро мо аз дилхоҳ гӯшаи ҷаҳон метавонем пайдо кунем. Ин як меъёри байнулмилалӣ аст”, - гуфт муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, маълум кардани теъдоди дастгоҳҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон имкон надорад, зеро аксари муштариён як дастгоҳ доранд, ки ду рақам дорад.
Тибқи иттилои ӯ, теъдоди симкортҳои фаъол дар Тоҷикистон ҳоло ба 8,3 миллион адад расидааст.
Лентаи хабарҳо
0