Вокуниши Кремл ба манъи сафари Путин ба Молдова

© Sputnik / Сергей ПятаковСпасская башня и стена Кремля
Спасская башня и стена Кремля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Обуна шудан
Намояндаи расмии Кремл қарори мақомоти Молдова барои манъи сафари президенти Русия ба ин кишварро ҷузъе аз маъракаи русбезорӣ хонд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Мақомоти Молдова бо манъи сафари раисҷумҳури Русия, Владимир Путин талош дорад, ба як кишвари ғайридӯст табдил ёбад.
Ин нуктаро котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков дар вокуниш ба қарори Кишинёв баён дошт.
"Аён аст, ки роҳбарияти феълии Молдова босуръат ба сӯи русбезории маъруф, ки мо аллакай медонем, ҳаракат мекунад", - гуфт ӯ.
Песков таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар Кишинёв ба кадом сабабе "саъю кӯшиш ба ҳамгироии аврупоӣ"-ро бо ривоҷ ёфтани русбезорӣ ҳамроҳ мекунанд.
"Онҳо бар ин назаранд, ки ин бояд як омили мутлақи ҳатмӣ барои ҳамгироии аврупоӣ - нафрат ба Русия ва ҳама гуна зуҳуроти русӣ бошад", - афзуд сухангӯ.
Вай изҳори итминон кард, ки ин равандҳо бо кайфияти ҷомеа дар Молдова алоқамандӣ надоранд.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
"Чунин кишвар дигар вуҷуд надорад": Медведев дар бораи Молдова
"Азбаски мо ҳама эътирозҳоро мебинем, шумораи зиёди онҳоеро мебинем, ки бо чунин сиёсат дар кишвар розӣ нестанд", - илова намуд намояндаи Кремл.
Қаблан нахуствазири Молдова, Дорин Речен гуфта буд, ки мақомот ба президенти Русия, Владимир Путин ва бархе мақомдорони дигар иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедиҳанд. Ба гуфтаи Речан, ин феҳраст на танҳо сиёсатмадорон, балки шахсиятҳои фарҳангир низ шомил мебошад.
Лентаи хабарҳо
0