https://sputnik.tj/20230428/chunin-kishvar-vujud-medvedev-moldova-1056750977.html
"Чунин кишвар дигар вуҷуд надорад": Медведев дар бораи Молдова
"Чунин кишвар дигар вуҷуд надорад": Медведев дар бораи Молдова
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия ба манъи сафари мақомдорони ин кишвар ба қаламрави ҷумҳурии Молдова вокуниш нишон дода, онро танқид кард
2023-04-28T15:00+0500
2023-04-28T15:00+0500
2023-04-28T15:00+0500
дар русия
сиёсат
дмитрий медведев
молдова
кишвар
манъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/44/1031544460_0:0:2921:1643_1920x0_80_0_0_cca698dd938bc15a3d6058becfbc8de4.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар вокуниш ба манъи сафари намояндагони расмии давлати Русия ба Молдова, Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки ҳеҷ кас ба он ҷо рафтанӣ нест ва чунин кишвар дигар вуҷуд надорад.Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид намуд, ки мақомдорони Молдова кишварро фурӯхтанд ва тақдири минбаъдаро худи мардуми он ҳал хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, кор бо мақомдорони феълии Молдова феълан фоидае надорад, бигузор мардумашон бо онҳо сарукор гиранду муайян кунанд, ки онҳо молдовӣ астанд ё руминӣ. Қаблан нахуствазири Молдова, Дорин Речеан гуфта буд, ки мақомот ба президенти Русия, Владимир Путин ва бархе мақомдорони дигар иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедиҳанд. Ба гуфтаи Речан, ин феҳраст на танҳо сиёсатмадорон, балки шахсиятҳои фарҳангир низ шомил мебошад. Ахиран раисҷумҳури пешини Молдова Игор Додон гуфт, мақомоти Молдова талош доранд бо роҳи Украина раванд. "Он чизе ки мо дар кишвари ҳамсоя дидем - мубориза бо забони русӣ, баста шудани шабакаҳои телевизионии мухолиф, фишор болои мухолифин, изҳорот дар бораи зарурати пайвастан ба НАТО, фишор болои калисо, дар мо низ роҳандозӣ шудааст", - гуфт Додон.Вай таъкид намуд, ки Ғарб Молдоваро чун пиёдае дар бозии геополитикӣ алайҳи Русия истифода менамояд.
https://sputnik.tj/20230424/dodon-maqomoti-moldova-naqsha-ukraina-1056645881.html
молдова
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/44/1031544460_17:0:2748:2048_1920x0_80_0_0_471a32aecac916875fbbbf23bc771d34.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, медведев, манъ, сафар, путин, молдова
вокуниш, медведев, манъ, сафар, путин, молдова
"Чунин кишвар дигар вуҷуд надорад": Медведев дар бораи Молдова
Ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия ба манъи сафари мақомдорони ин кишвар ба қаламрави ҷумҳурии Молдова вокуниш нишон дода, онро танқид кард
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар вокуниш ба манъи сафари намояндагони расмии давлати Русия ба Молдова, Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки ҳеҷ кас ба он ҷо рафтанӣ нест ва чунин кишвар дигар вуҷуд надорад.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид намуд, ки мақомдорони Молдова кишварро фурӯхтанд ва тақдири минбаъдаро худи мардуми он ҳал хоҳанд кард.
"Ҳоло касе ба онҷо рафтанӣ ҳам нест, шояд баъдтар. намеравад. Дуюм, дигар чунин кишвар вуҷуд надорад. Роҳбарони маҳаллӣ онро ба Руминия фурӯхта, хоинони ватани худ шуданд", - гуфт Медведев дар Telegram.
Ба гуфтаи ӯ, кор бо мақомдорони феълии Молдова феълан фоидае надорад, бигузор мардумашон бо онҳо сарукор гиранду муайян кунанд, ки онҳо молдовӣ астанд ё руминӣ.
Қаблан нахуствазири Молдова, Дорин Речеан гуфта буд, ки мақомот ба президенти Русия, Владимир Путин ва бархе мақомдорони дигар иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедиҳанд. Ба гуфтаи Речан, ин феҳраст на танҳо сиёсатмадорон, балки шахсиятҳои фарҳангир низ шомил мебошад.
Ахиран раисҷумҳури пешини Молдова Игор Додон гуфт, мақомоти Молдова талош доранд бо роҳи Украина раванд.
"Он чизе ки мо дар кишвари ҳамсоя дидем - мубориза бо забони русӣ, баста шудани шабакаҳои телевизионии мухолиф, фишор болои мухолифин, изҳорот дар бораи зарурати пайвастан ба НАТО, фишор болои калисо, дар мо низ роҳандозӣ шудааст", - гуфт Додон.
Вай таъкид намуд, ки Ғарб Молдоваро чун пиёдае дар бозии геополитикӣ алайҳи Русия истифода менамояд.