Роҳбарони футболи минтақа ва ҷаҳон дар Душанбе ҷамъ меоянд - видео

Обуна шудан
Дар ҳамоиши футбол дар Душанбе президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа иштирок мекунанд
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа рӯзи 28 апрел бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад, иттилоъ дод ФФТ
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати КФО-ро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Аз ҷумла ба пешвози меҳмонон дар фурудгоҳ ноибони президенти ФФТ - Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Аҳмедҷонов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов баромаданд.
Бозии ҷанҷолӣ: Директори "Равшан" барои беадабӣ ҷазо гирифт
Бар асоси барномаи сафар, роҳбари футболи Осиё дар ҷараёни сафари корӣ бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ анҷом медиҳад.
Масъалаҳои рушди футбол дар Тоҷикистон аз масоили марказии баррасишавнда дар мулоқот арзёбӣ мегарданд.
ФФТ афзуд, ки рӯзи 2 май дар меҳмонхонаи "Ҳаятт Риҷенси Душанбе" Конгресси 8-уми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Манбаъ афзуд, ки дар ин ҳамоиш президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0