https://sputnik.tj/20230428/bozi-janjoli-direktori-ravshan-jazo-1056750129.html
Бозии ҷанҷолӣ: Директори "Равшан" барои беадабӣ ҷазо гирифт
Бозии ҷанҷолӣ: Директори "Равшан" барои беадабӣ ҷазо гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи назоратӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигарону масъулини тимҳоеро, ки ба беадабиҳо даст задаанд, муҷозот кард
2023-04-28T13:57+0500
2023-04-28T13:57+0500
2023-04-28T13:57+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
ффт
бозӣ
ҷанҷол
"равшан"
"эсхата"-и хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101388/91/1013889194_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_4b495cf9d39ad9a18c2904e4672adf5a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Яке аз бозиҳои ҷанҷолӣ, ки мавриди баррасии Кумитаи интизомии ФФТ қарор гирифт, сабқат байни дастаҳои лигаи олӣ "Эсхата" – "Равшан" буд. Ба иттилои ФФТ, директори бошгоҳи "Равшан" Ғайраталӣ Мираҳмадов барои таҳқири шахсони расмӣ аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва 1 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд. Бозигари дастаи "Эсхата" Санҷар Рихсибоев барои нишон додани имову ишораҳои таҳқиромез, ки боиси сар задани муноқиша шудааст, аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Бозигари дастаи дастаи "Равшан" Фатҳулло Олимзода барои дашном додани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба пардохти 250 сомонӣ ҷарима муваззаф гардид. Ёвари сармураббии тими ҷавонони "Равшан" Изатулло Абдулхайров барои таҳқири шахсони расмӣ аз 4 бозӣ маҳруму ба пардохти 1 ҳазор сомонӣ ҷарима уҳдадор гардид. Дастаи "Эсхата" барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима пардохт хоҳад кард. Инчунин бозӣ байни дастаҳои лигаи олӣ - КМВА ва "Файзканд" мавриди баррасӣ қарор гирифта, бозигари тими артиш Абдулло Шарифов барои задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.Дар баробари тими "Регар-ТадАЗ" ва "Ҳосилот" низ барои риоя накардани талаботи сару либос ба маблағи 500 сомонигӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20230428/qaiqron-tojik-samarqand-medal-1056746106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101388/91/1013889194_120:0:1600:1110_1920x0_80_0_0_f1e7ed326b4947ab9c93fa1abf5399a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
футбол, тоҷик, беадабӣ, киҳо, федератсияи футбол, тоҷикистон
футбол, тоҷик, беадабӣ, киҳо, федератсияи футбол, тоҷикистон
Бозии ҷанҷолӣ: Директори "Равшан" барои беадабӣ ҷазо гирифт
Кумитаи назоратӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигарону масъулини тимҳоеро, ки ба беадабиҳо даст задаанд, муҷозот кард
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Яке аз бозиҳои ҷанҷолӣ, ки мавриди баррасии Кумитаи интизомии ФФТ қарор гирифт, сабқат байни дастаҳои лигаи олӣ "Эсхата" – "Равшан" буд.
Ба иттилои ФФТ, директори бошгоҳи "Равшан" Ғайраталӣ Мираҳмадов барои таҳқири шахсони расмӣ аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва 1 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.
Бозигари дастаи "Эсхата" Санҷар Рихсибоев барои нишон додани имову ишораҳои таҳқиромез, ки боиси сар задани муноқиша шудааст, аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
Бозигари дастаи дастаи "Равшан" Фатҳулло Олимзода барои дашном додани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба пардохти 250 сомонӣ ҷарима муваззаф гардид.
Ёвари сармураббии тими ҷавонони "Равшан" Изатулло Абдулхайров барои таҳқири шахсони расмӣ аз 4 бозӣ маҳруму ба пардохти 1 ҳазор сомонӣ ҷарима уҳдадор гардид.
Дастаи "Эсхата" барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима пардохт хоҳад кард.
Инчунин бозӣ байни дастаҳои лигаи олӣ - КМВА ва "Файзканд" мавриди баррасӣ қарор гирифта, бозигари тими артиш Абдулло Шарифов барои задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар баробари тими "Регар-ТадАЗ" ва "Ҳосилот" низ барои риоя накардани талаботи сару либос ба маблағи 500 сомонигӣ ҷаримабандӣ шудаанд.