Бонувони қаиқрони тоҷик дар чемпионати Осиё медал гирифтанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСамый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе
Самый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Обуна шудан
Ҳайати тими Тоҷикистон дар чемпионати Осиё дар риштаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ то ҳол тавонистааст, ду медали биринҷӣ ба даст овардаст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Варзишгарбонувони Тоҷикстон дар сабқати каноэи чорнафарӣ (С-4) дар масофаи 500 метр миёни ҷавонони то 18-сола ба гирифтани медали дуюми биринҷӣ даст ёфтанд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни гузориш аз натиҷаи иштироки варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ хабар дод.
Тими Тоҷикистон, ки ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфтааст, аз Гостева Снежанна, Пирназарова Комила, Салимова Гузал, Муҳиддинова София иборат будааст.
В Бишкеке прошел международный полумарафон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барпо мегардад
Ин дуюмин медали биринҷии тоҷикистониён дар чемпиноати Осиё мебошад. Аввалин медалро аз ҳайати тими Тоҷикистон дар сабқати чорнафарӣ Шарипов Фирдавс, Собиров Ҷалолиддин, Шакаров Шуҳрат, Шакаров Комрон ба даст оварда буданд.
Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 18 ва то 23-сола ва пара-каноэ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон идома дорад. Ин сабқат 26 апрел оғоз гардида, интизор меравад, то 30 апрел идома меёбад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 25 варзишгар, аз ҷумла 19 писар ва 6 духтар муаррифӣ хоҳанд кард.
Тими тоҷикистониёнро роҳбари даста Зоҳирҷон Набиев, мураббиён Нурмуҳаммади Тоҳир, Азиз Бобоҷонов, Александ Лагутенко, Абдусаттор Ғафуров, Олим Қодиров ва Ҳасан Шарипов ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0