https://sputnik.tj/20230428/tojikiston-dav-milli-marafon-velosipedron-barpo-1056742661.html
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барпо мегардад
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барпо мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегардад
2023-04-28T10:20+0500
2023-04-28T10:20+0500
2023-04-28T10:26+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
рӯзи ҷавонон
дави миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102691/33/1026913348_98:145:1157:741_1920x0_80_0_0_03d408d3a0d207542e259372f8742dd8.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон чун ҳамасола ҷашни варзишии —Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир мегардад.Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиши кишвар хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои варзишӣ дар доираи Рӯзҳои ҷавонон рӯзи якшанбеи 21 май баргузор мегарданд, ки ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.Ҳамин тариқ, субҳи ин рӯз нахуст марафони велосипедронӣ доир мешавад ва соати 07:30 баргузории дави миллӣ дар назар аст.Иштирокчиёни дави миллиро мебояд дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ масофаи 3,5 ё 10 км роҳро тай намоянд.Дар пойтахт варзишгарон давиданро аз Чорбоғ шурӯъ карда тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе идома медиҳанд.Нафароне, ки аввалин шуда ба хатти марра мерасанд бо мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.Дар Дави миллӣ чун анъана ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла намояндагони мақомотҳои давлатӣ, идораҳо, ширкатҳои хусуӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ иштирок хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ ҳамасола дар якшанбеи сеюми моҳи май дар асоси фармони раисҷумҳури кишвар “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” сар аз соли 2007 баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20230413/dushanbe-javononi-boistedod-mukofotonida-meshavand-1056420283.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102691/33/1026913348_58:0:1217:869_1920x0_80_0_0_9b4a2aa1a58400bc3fccd2c7a1c5ee47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон дави миллӣ марафон велосипедронӣ
тоҷикистон дави миллӣ марафон велосипедронӣ
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барпо мегардад
10:20 28.04.2023 (Навсозишуда: 10:26 28.04.2023) Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон чун ҳамасола ҷашни варзишии —Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиши кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои варзишӣ дар доираи Рӯзҳои ҷавонон рӯзи якшанбеи 21 май баргузор мегарданд, ки ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.
Ҳамин тариқ, субҳи ин рӯз нахуст марафони велосипедронӣ доир мешавад ва соати 07:30 баргузории дави миллӣ дар назар аст.
Иштирокчиёни дави миллиро мебояд дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ масофаи 3,5 ё 10 км роҳро тай намоянд.
Дар пойтахт варзишгарон давиданро аз Чорбоғ шурӯъ карда тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе идома медиҳанд.
Нафароне, ки аввалин шуда ба хатти марра мерасанд бо мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар Дави миллӣ чун анъана ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла намояндагони мақомотҳои давлатӣ, идораҳо, ширкатҳои хусуӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ ҳамасола дар якшанбеи сеюми моҳи май дар асоси фармони раисҷумҳури кишвар “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” сар аз соли 2007 баргузор мешавад.