https://sputnik.tj/20230427/rahmon-korkhona-mushtarak-jalbi-sarmoya-tekhnologiyai-rusiya-1056738523.html
Раҳмон таъсиси корхонаҳои муштараки бо ҷалби сармоя ва технологияи Русияро зарур шуморид
Раҳмон таъсиси корхонаҳои муштараки бо ҷалби сармоя ва технологияи Русияро зарур шуморид
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия ба масъалаи ҳамкории ду кишвар дар бахши саноат аҳамияти хос дод
2023-04-27T20:20+0500
2023-04-27T20:20+0500
2023-04-27T20:20+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
саноат
денис мантуров
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1b/1056738169_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_95f2b7a01354e37c38883d9845588d37.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуров масоили мухталифи шарикии стратегии ду давлатро баррасӣ намуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт.Кишвардори Тоҷикистон дар мулоқот бо муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, инчунин равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ кард.Қайд гардидааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои давлатҳоро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус саноат ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ, ҳамкории фаъол тавассути таъсиси паркҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима карданд.Ҳамчунин роҳбари давлат дар ин дидор таъсиси корхонаҳои муштараки саноати бофандагӣ, ташкили занҷираи ягонаи истеҳсолӣ, рушди бахши коркарди пахта, пӯст ва пашм бо ҷалби сармоя ва технологияи Русия зарур шумурда шуд.Зикр гардидааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо инчунин дар бораи дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд карданд.
https://sputnik.tj/20230427/manturov-imkoniyathoi-sharikii-spad-amali-1056721650.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1b/1056738169_54:0:2785:2048_1920x0_80_0_0_c56993d8bc863b43007f57a031cff46f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, саноат, ҷалб, сармоя, корхона, технология, эмомалӣ раҳмон, денис мантуров
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, саноат, ҷалб, сармоя, корхона, технология, эмомалӣ раҳмон, денис мантуров
Раҳмон таъсиси корхонаҳои муштараки бо ҷалби сармоя ва технологияи Русияро зарур шуморид
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия ба масъалаи ҳамкории ду кишвар дар бахши саноат аҳамияти хос дод
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуров масоили мухталифи шарикии стратегии ду давлатро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кишвардори Тоҷикистон дар мулоқот бо муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, инчунин равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Қайд гардидааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои давлатҳоро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус саноат ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ, ҳамкории фаъол тавассути таъсиси паркҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима карданд.
“Ҳамкорӣ дар бахши саноати маъдантозакунӣ, металлургия, коркарди нафт, техникаи электронӣ, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз самтҳои ояндадору судовари робитаҳо номида шуд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамчунин роҳбари давлат дар ин дидор таъсиси корхонаҳои муштараки саноати бофандагӣ, ташкили занҷираи ягонаи истеҳсолӣ, рушди бахши коркарди пахта, пӯст ва пашм бо ҷалби сармоя ва технологияи Русия зарур шумурда шуд.
Зикр гардидааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо инчунин дар бораи дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд карданд.