Иддаои толибҳо: Ҳукумати мо аз ҳукуматҳои минтақа кам нест

© AFP 2023 / HOSHANG HASHIMIВазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Обуна шудан
Сарпарасти вазорати умури хориҷаи давлати толибҳо иддао дорад, ки ҳукумати феълии Афғонистон аз ҳукуматҳои минтақа ками надорад
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Муовини сухангӯи вазорати хориҷаи ҳукумати толибҳо Ҳофиз Зиё Аҳмадӣ, гуфтаҳои Амирхон Муттақӣ сарпарасти ин вазоратро дар дидори идона бо кормандон нашр кардааст.
Муттақӣ дар ин дидор иддао кардааст, ки имрӯз ҳукумати толибҳо бо ҳукуматҳои минтақа баробар аст ва амнияти Афғонистон низ агар аз амнияти ҳукуматҳои минтақа зиёд набошад, кам нест.
“Пули афғонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ танҳо пулест, ки дар муқобили долар рӯз ба рӯз арзиш пайдо мекунад ва нархҳои маводи аввалияи ҳам нисбат ба кишварҳои минтақа қиматаш поин аст”, - гуфт оқои Муттақӣ.
Гуфтаҳои сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бо тасаллути муҷаддади толибҳо бар Афғонистон, мардум бо буҳронҳои ҷаддии башарӣ, фақру бекорӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва бисёре аз мардум роҳи муҳоҷиратро дар пеш гирифтаанд.
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Ҳикматёр: Амрико талош дорад дар Афғонистон як низоъи дигареро оғоз кунад
Ҳамчунин дарвозаҳои макотиб ва донишгоҳҳо ба рӯй духтарон донишомӯз ва донишҷӯ баста шуда, занон низ аз кори манъ шудаанд, ки боиси нигаронии аксари кишварҳои ҷаҳон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0