https://sputnik.tj/20230424/hikmatyor-amriko-afghoniston-nizo-oghoz-1056634223.html
Ҳикматёр: Амрико талош дорад дар Афғонистон як низоъи дигареро оғоз кунад
Ҳикматёр: Амрико талош дорад дар Афғонистон як низоъи дигареро оғоз кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва мухолифи ҷабҳаҳои зидди Толибон* мегӯяд, Амрико афсарони ҳукумати собиқи Афғонистонро барои оғози ҷанги дигар мефиристад
2023-04-24T10:21+0500
2023-04-24T10:21+0500
2023-04-25T13:18+0500
гулбиддин ҳикматёр
афғонистон
толибон
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041684535_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_de883c88cfeaf048488cf15629174e1e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҷанг дар Афғонистон ҳанӯз ба поён нарасидааст ва ин кишвар то ҳол таҳти ишғоли Амрикост.Дар ин бора Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва яке аз чеҳраҳои наздик ба Толибон* гуфтааст, менависад Sputnik Афғонистон.Ӯ зимни суханронӣ дар назди гурӯҳе аз аъзои ҳизбаш дар Кобул бидуни зикри исми ҷабҳаҳои низомии зидди толибҳо гуфт, нерӯҳои низомӣ ва фармондеҳоне, ки НАТО дар 20 соли гузашта омӯзиш додааст, акнун бори дигар барои ҷанг аз кишварҳои хориҷ ба Афғонистон фиристода мешаванд. Вай таъкид кардааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ то ҳол дар ҳарими ҳавоии Афғонистон бештар мушоҳида мешаванд ва амрикоиҳо "ҷанги худ алайҳи афғонҳоро қатъ накардаанд ва талош доранд, дар Афғонистон ҷанги дигари мусаллаҳона оғоз кунанд".Мавсуф иддао кард, ки Амрико афсарони низомии ҳукумати собиқи Афғонистонро барои оғози ҷанги дигар дар ин кишвар идора ва роҳнамоӣ мекунад. Ба таъкиди ӯ, амалиёте, ки тавассути ин афрод дар Афғонистон сурат мегирад, онро расонаҳо васеъ инъикос мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷанг ҳанӯз идома дорад ва қатъ нашудааст.Ин нахустин суханронии Ҳикматёр пас аз чаҳор моҳи хомӯшӣ дар назди мардум аст. Ба наздикӣ, моҳи декабри соли 2022, ҳангоми суханронӣ дар дафтари худ ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт. Ҳангоме ки раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон пас аз намози ҷумъа дар масҷиди дафтари ҳизбаш суханронӣ мекард, ду ҳамлагари мусаллаҳ бо камарбанди интиҳорӣ вориди макон шуданд ва ба сӯи муҳофизони Ҳикматёр тир холӣ карданд.Ахирани нозирони вазъ гуфта буданд, ки ӯ бо дастури Толибон* хонанишин шудааст.*-Гуруҳе, ки барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ аст.
https://sputnik.tj/20220219/pul-namedihad-hikmatyor-ima-qassos-shikast-1046058419.html
афғонистон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041684535_40:0:761:541_1920x0_80_0_0_812938d3e93960323594c2381c755170.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳикматёр амрико афғонистон низоъ оғоз
ҳикматёр амрико афғонистон низоъ оғоз
Ҳикматёр: Амрико талош дорад дар Афғонистон як низоъи дигареро оғоз кунад
10:21 24.04.2023 (Навсозишуда: 13:18 25.04.2023) Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва мухолифи ҷабҳаҳои зидди Толибон* мегӯяд, Амрико афсарони ҳукумати собиқи Афғонистонро барои оғози ҷанги дигар мефиристад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҷанг дар Афғонистон ҳанӯз ба поён нарасидааст ва ин кишвар то ҳол таҳти ишғоли Амрикост.
Дар ин бора Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва яке аз чеҳраҳои наздик ба Толибон* гуфтааст, менависад Sputnik Афғонистон.
Ӯ зимни суханронӣ дар назди гурӯҳе аз аъзои ҳизбаш дар Кобул бидуни зикри исми ҷабҳаҳои низомии зидди толибҳо гуфт, нерӯҳои низомӣ ва фармондеҳоне, ки НАТО дар 20 соли гузашта омӯзиш додааст, акнун бори дигар барои ҷанг аз кишварҳои хориҷ ба Афғонистон фиристода мешаванд.
Вай таъкид кардааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ то ҳол дар ҳарими ҳавоии Афғонистон бештар мушоҳида мешаванд ва амрикоиҳо "ҷанги худ алайҳи афғонҳоро қатъ накардаанд ва талош доранд, дар Афғонистон ҷанги дигари мусаллаҳона оғоз кунанд".
Мавсуф иддао кард, ки Амрико афсарони низомии ҳукумати собиқи Афғонистонро барои оғози ҷанги дигар дар ин кишвар идора ва роҳнамоӣ мекунад.
"Мебинад, ки афсарони афғон, ки тайи 20 соли ахир аз сӯи НАТО таълим гирифтаанд ва алайҳи мардуми Афғонистон меҷангиданд, ҳоло назм мешаванд, ба онҳо дафтар медиҳанд ва ба Афғонистон мефиристанд",- мегӯяд Ҳиркматёр
Ба таъкиди ӯ, амалиёте, ки тавассути ин афрод дар Афғонистон сурат мегирад, онро расонаҳо васеъ инъикос мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷанг ҳанӯз идома дорад ва қатъ нашудааст.
Ин нахустин суханронии Ҳикматёр пас аз чаҳор моҳи хомӯшӣ дар назди мардум аст.
Ба наздикӣ, моҳи декабри соли 2022, ҳангоми суханронӣ дар дафтари худ ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт.
Ҳангоме ки раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон пас аз намози ҷумъа дар масҷиди дафтари ҳизбаш суханронӣ мекард, ду ҳамлагари мусаллаҳ бо камарбанди интиҳорӣ вориди макон шуданд ва ба сӯи муҳофизони Ҳикматёр тир холӣ карданд.
Ахирани нозирони вазъ гуфта буданд, ки ӯ бо дастури Толибон* хонанишин шудааст.
*-Гуруҳе, ки барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ аст.