Фурудгоҳи Хуҷанд барои мусофирон нардбону автобусҳои нав харид

© Пресс-служба председателя Согдийской областиТраппы для пассажиров в аэропорту Худжанда
Траппы для пассажиров в аэропорту Худжанда  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Обуна шудан
То тирамоҳи соли ҷорӣ барои роҳати сайёҳоне, ки ба вилоят меоянд, дар назди фурудгоҳ меҳмонхона ва чойхона низ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бояд то 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба анҷом расад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ҳукумати вилояти Суғд.
То моҳи сентябр дар шафати бандари ҳавоӣ меҳмонхонаи нави "Кайҳон" барои қариб 200 нафар бунёд мешавад, ҳамзамон чойхонае низ дар ин макон кушода мешавад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои таъмирӣ шинос шуда, шахсан аз иншоот дидан намуд.
Самолет авиакомпании Utair  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Сафар аз Тюмен ба Хуҷанд осон мешавад: Utair хатсайри нав мекушояд
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ба фурудгоҳ таҷҳизоти нави иловагӣ барои ҳамлу нақли мусофирон: нардбонҳо ва автобусҳои замонавӣ оварда шудааст.
Хамаи иншооти нав барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, мусофирон, барои бароҳатии сайёҳоне, ки ба вилоят меоянд, сохта мешаванд.
Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки тамоми биноҳоро сари вақт омода созанд.
Лентаи хабарҳо
0