https://sputnik.tj/20230427/viloyat-voronezh-emkuni-muhojiron-1056715036.html
Дар вилояти Воронеж эмкунии муҳоҷирон оғоз мешавад
Дар вилояти Воронеж эмкунии муҳоҷирон оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
То 31 декабри соли 2023 дар минтақа барои як қатор категорияҳои шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ зидди бемории сурхак эмгузаронӣ сурат мегирад
2023-04-27T09:47+0500
2023-04-27T09:47+0500
2023-04-27T09:47+0500
русия
муҳоҷират
муҳоҷир
эмгузаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1e/1044534369_0:0:3229:1816_1920x0_80_0_0_2b3a1022144e6eea0603bec5753fc05e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Табибони вилояти Воронеж қасд доранд, то охири соли 2023 ҳудуди 3,3 ҳазор нафарро алайҳи бемории сурхак эм кунанд. Чорабиниҳо дар доираи эмгузаронии тозакунӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, муҳоҷирони дохилӣ, шахсони бе ҷои истиқомати доимӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора ТАСС дар такя ба сухангӯӣ дафтари матбуоти мақомоти тандурустии минтақа гузориш додаас."Теъдоди тахминии афроди барномарезишуда барои эмгузаронӣ [бар зидди сурхак] баҳри поксозӣ дар минтақа 3,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Моҳи май интиқоли ваксина барои эмкунии поксозӣ ба минтақа дар назар аст", - афзудааст манбаъ. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар вилоят ҳамасола 96-98% шумори умумии афроде, ки бояд эмгузарониро гузаранд, моякӯбӣ мешаванд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Екатеринбург афзоиши гирифторони бемории сурхак дар миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шудааст.Мақомоти ин минтақа низ барои рафъи беморӣ эмкуниро оғоз карда буданд.
https://sputnik.tj/20230425/muhojironro-peterburg-bemori-surkhak-em-1056670985.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1e/1044534369_380:0:3111:2048_1920x0_80_0_0_a4d389a928ed808ca59117ddcdfd4e9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
воронеж эмкунӣ муҳоҷирон тандурустӣ
воронеж эмкунӣ муҳоҷирон тандурустӣ
Дар вилояти Воронеж эмкунии муҳоҷирон оғоз мешавад
То 31 декабри соли 2023 дар минтақа барои як қатор категорияҳои шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ зидди бемории сурхак эмгузаронӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Табибони вилояти Воронеж қасд доранд, то охири соли 2023 ҳудуди 3,3 ҳазор нафарро алайҳи бемории сурхак эм кунанд.
Чорабиниҳо дар доираи эмгузаронии тозакунӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, муҳоҷирони дохилӣ, шахсони бе ҷои истиқомати доимӣ гузаронида мешаванд.
Дар ин бора ТАСС дар такя ба сухангӯӣ дафтари матбуоти мақомоти тандурустии минтақа гузориш додаас.
"Теъдоди тахминии афроди барномарезишуда барои эмгузаронӣ [бар зидди сурхак] баҳри поксозӣ дар минтақа 3,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Моҳи май интиқоли ваксина барои эмкунии поксозӣ ба минтақа дар назар аст", - афзудааст манбаъ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар вилоят ҳамасола 96-98% шумори умумии афроде, ки бояд эмгузарониро гузаранд, моякӯбӣ мешаванд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Екатеринбург афзоиши гирифторони бемории сурхак дар миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мақомоти ин минтақа низ барои рафъи беморӣ эмкуниро оғоз карда буданд.