https://sputnik.tj/20230425/muhojironro-peterburg-bemori-surkhak-em-1056670985.html
Муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург алайҳи бемории сурхак эм мекунанд
Муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург алайҳи бемории сурхак эм мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Аз моҳи январ то апрели соли 2023 дар Санкт-Петербург 31 ҳолати бемории сурхак ошкор ва тасдиқ карда шуд, ки аз ин шумора 8 ҳолат воридотӣ мебошад
2023-04-25T13:16+0500
2023-04-25T13:16+0500
2023-04-25T13:16+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
дар русия
эмгузаронӣ
сурхак
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102819/59/1028195993_0:316:3079:2048_1920x0_80_0_0_288c9deeda6787a71abcc80d7aca83ea.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Санкт-Петербург дар пасманзари бад шудани вазъи эпидемиологӣ муҳоҷирони корӣ бар зидди бемории сурхак эм карда мешаванд. Қарори дахлдорро раҳбари Роспотребнадзори вилоят ва сардухтури давлатии санитарии шаҳр Наталя Башкетова нашр кардааст. Тавре дар ҳуҷҷат зикр шудааст, аз моҳи январ то апрели соли 2023 дар Санкт-Петербург 31 ҳолати гирифторӣ ба бемории сурхак ошкор ва тасдиқ карда шуд, ки аз ин шумора 8 ҳолат воридотӣ мебошад. Ин афзоиши назаррас аст, бо назардошти он, ки дар солҳои қаблӣ ягон-ягон чунин ҳолатҳо сабт мешуд.Ба ин далел, корфармоёне, ки шаҳрвандони хориҷиро ба кор мегиранд, муваззаф шудаанд, ки ба кормандон эмгузаронии ҳамаҷониба пешниҳод кунанд. Он ба онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, бемор нашудаанд, таърихи эмкунӣ ё бемории қаблӣ надоранд, инчунин ба онҳое, ки натиҷаҳои санҷиши антителоҳои зидди сурхак аз сатҳи муҳофизатӣ пасттаранд, гузаронида мешавад. Қаблан дар Екатеринбург афзоиши гирифторони бемории сурхак дар миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шуда буд. Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, ки ҳамаи муҳоҷирони гирифтори ин беморӣ аллакай дар бемористон бистарӣ шудаанд ва муолиҷаи зарурӣ мегиранд. Гуфта мешавад, ки яке аз кӯдакони гирифтори сурхча дар авоили моҳи феврал аз Тоҷикистон ба шаҳри Русия омадааст.
https://sputnik.tj/20230209/ziddi-surkhcha-rusiya-tojikiston-muboriza-siroyat-kumak-1054813081.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102819/59/1028195993_250:0:2981:2048_1920x0_80_0_0_d01c1defa7af0e3faee4725cfee5a17c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон санкт-петербург беморӣ сурхак эм
муҳоҷирон санкт-петербург беморӣ сурхак эм
Муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург алайҳи бемории сурхак эм мекунанд
Аз моҳи январ то апрели соли 2023 дар Санкт-Петербург 31 ҳолати бемории сурхак ошкор ва тасдиқ карда шуд, ки аз ин шумора 8 ҳолат воридотӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Санкт-Петербург дар пасманзари бад шудани вазъи эпидемиологӣ муҳоҷирони корӣ бар зидди бемории сурхак эм карда мешаванд.
Қарори дахлдорро раҳбари Роспотребнадзори вилоят ва сардухтури давлатии санитарии шаҳр Наталя Башкетова нашр кардааст.
Тавре дар ҳуҷҷат зикр шудааст, аз моҳи январ то апрели соли 2023 дар Санкт-Петербург 31 ҳолати гирифторӣ ба бемории сурхак ошкор ва тасдиқ карда шуд, ки аз ин шумора 8 ҳолат воридотӣ мебошад.
Ин афзоиши назаррас аст, бо назардошти он, ки дар солҳои қаблӣ ягон-ягон чунин ҳолатҳо сабт мешуд.
Ба ин далел, корфармоёне, ки шаҳрвандони хориҷиро ба кор мегиранд, муваззаф шудаанд, ки ба кормандон эмгузаронии ҳамаҷониба пешниҳод кунанд.
Он ба онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, бемор нашудаанд, таърихи эмкунӣ ё бемории қаблӣ надоранд, инчунин ба онҳое, ки натиҷаҳои санҷиши антителоҳои зидди сурхак аз сатҳи муҳофизатӣ пасттаранд, гузаронида мешавад.
Қаблан дар Екатеринбург афзоиши гирифторони бемории сурхак дар миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, ки ҳамаи муҳоҷирони гирифтори ин беморӣ аллакай дар бемористон бистарӣ шудаанд ва муолиҷаи зарурӣ мегиранд.
Гуфта мешавад, ки яке аз кӯдакони гирифтори сурхча дар авоили моҳи феврал аз Тоҷикистон ба шаҳри Русия омадааст.