https://sputnik.tj/20230427/vaziri-khorijai-tojikiston-hamto-chini-dushanbe-davat-1056739627.html
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамтои чиниашро ба Душанбе даъват кард
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамтои чиниашро ба Душанбе даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин зимни мулоқот дар шаҳри СИан ба таҳкими ҳамкории дуҷониба аҳамияти хос доданд
2023-04-27T22:00+0500
2023-04-27T22:00+0500
2023-04-27T22:00+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
равобит
чин
даъват
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1b/1056739459_0:63:1200:738_1920x0_80_0_0_a56bd22c993f050980f773c77bb1bd01.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқт бо вазири корҳои хориҷии Чин Тсин Ган, ки дар шаҳи Сиан баргузор шуд, ҳамтои чиниашро ба Душанбе даъват кард. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст."Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтои чинии худ барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар замони барояш мувофиқ даъват кард",- иттилоъ додааст манбаъ.Ёдовар мешавем ки чанде пеш Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, дар номаи табрикотиаш ба муносибати ҷашни Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Чин даъват карда буд. Ҳамчунин ба иттилоивазорати хориҷа зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, алалхусус чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар байни Тоҷикистон ва Чин ва Саммити сарони давлатҳоро дар қолаби сиғаи "Осиёи Марказӣ – Чин" мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт кишоварзӣ, илму техника, рақамикунонии соҳаҳои калидии мамлакат, маориф, тиб, туризм ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
https://sputnik.tj/20230411/afzoish-gardish-mol-tojikiston-chin-1056388908.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1b/1056739459_67:0:1134:800_1920x0_80_0_0_8471bf556e95b5c3822da00452e844cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат, вазири хориҷа, сироҷиддин муҳриддин, мулоқот
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат, вазири хориҷа, сироҷиддин муҳриддин, мулоқот
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамтои чиниашро ба Душанбе даъват кард
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин зимни мулоқот дар шаҳри Сиан ба таҳкими ҳамкории дуҷониба аҳамияти хос доданд
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқт бо вазири корҳои хориҷии Чин Тсин Ган, ки дар шаҳи Сиан баргузор шуд, ҳамтои чиниашро ба Душанбе даъват кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
"Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтои чинии худ барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар замони барояш мувофиқ даъват кард",- иттилоъ додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем ки чанде пеш Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, дар номаи табрикотиаш ба муносибати ҷашни Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Чин даъват карда буд.
Ҳамчунин ба иттилоивазорати хориҷа зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, алалхусус чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар байни Тоҷикистон ва Чин ва Саммити сарони давлатҳоро дар қолаби сиғаи "Осиёи Марказӣ – Чин" мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт кишоварзӣ, илму техника, рақамикунонии соҳаҳои калидии мамлакат, маориф, тиб, туризм ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.