Вазъи саломатии Эрдуғон дар пахши мустақим бад шуд

© AP / Francisco SecoПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2023
Обуна шудан
Мусоҳибаи пешазинтихоботӣ бо раисиҷумҳури Туркия пас аз ду саволи кӯтоҳ анҷом ёфт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Суҳбат бо президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ба далели вазъи саломатияш ногаҳон қатъ шуд, иттилоъ дод нашрияи маҳаллии Cumhuriyet.
Пахши мустақими мусоҳиба вақте қатъ карда шуд, ки модератор ба додани савол дар бораи тағйироти кадрӣ дар Девони вазирони кишвар шурӯъ кард. Ба навиштаи расонаҳо, таваққуфи тӯлонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоеро ба бор овард.
Аммо пас аз танаффус, ки дар давоми он матолиби таблиғотӣ намоиш дода мешуданд, раисиҷумҳури Туркия ба пахши мустақим баргашт.
"Пеш аз ҳама ба шумо саломатӣ таманно дорам. Дирӯзу имрӯз кори пешазинтихоботӣ зиёд буд. Аз ин рӯ, ба зукоми меъда гирифтор шудам. Ҳатто дар бораи лағви барнома фикр кардам. Аммо ваъда, ки дода будем, омадем", - гуфт ӯ.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Ҷойатро дон: Хашми Эрдуғон аз кори сафири ИМА
Бо вуҷуди ин, мусоҳиба пас аз ду саволи кӯтоҳ анҷом ёфт, то ба гуфтаи гардонандаи барнома барои президенти Туркия имкони истироҳат дода шавад.
Интихобот 14 май дар назар буда, аҳзобу ҳаракатҳои мухолиф номзади ягонаи худро пешниҳод кардаанд. Ягона номзад аз мухолифин дар интихоботи президентии Туркия, Камол Киличдаруғлу мебошад, ки рақиби аслии Эрдуғон ба шумор меравад.
Таъкид мешавад, ки пажуҳишҳои қаблазинтихоботӣ ҳанӯз наметавонанд муайян кунанд, ки кадоме аз ин номзадҳо имкони бештари пирӯзӣ дар интихоботи оянда дорад.
Лентаи хабарҳо
0