https://sputnik.tj/20230427/tojikiston-armaturah-zilzila-tobovar-rusiro-kharid-1056718145.html
Тоҷикистон аз Русия арматураҳои ба зилзила тобоварро ворид мекунад
Тоҷикистон аз Русия арматураҳои ба зилзила тобоварро ворид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Бинокорони тоҷик нияти пешниҳод кардани маҳсулоти корхонаҳои металлургии Русияро дар бозори ҷумҳурӣ, ки ба он таваҷҷуҳ зиёд аст, эълон карданд
2023-04-27T12:35+0500
2023-04-27T12:35+0500
2023-04-27T12:35+0500
дар тоҷикистон
русия
иқтисод
ҳамкорӣ
зилзила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053116272_0:0:3147:1771_1920x0_80_0_0_0b4b368bc63f18f6c0600c05258b4203.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Арматурҳои ба зилзила тобовари истеҳсоли Русия таваҷҷӯҳи ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистонро ҷалб доранд. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Вазорати саноат ва энергетикаи вилояти Саратов хабар доданд. Аз ҷумла, “Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон” ва ширкати русии “Новостал-М” ба мувофиқа расиданд, ки арматураи баландсифат ва ба зилзила тобоварро ба бозори сохтмонии ҷумҳурӣ пешниҳод кунанд. Дар ояндаи наздик шарикон барои ширкатҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар Душанбе семинар баргузор мекунанд, ки дар он маҳсулоти наверо, ки барои бахши сохтмони Тоҷикистон мувофиқанд, муаррифӣ хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар қаламрави ҷумҳурӣ як силсила заминларзаҳо рух дода, марказаш дар ноҳияи Кӯҳистони Матчински вилояти Суғд буд. Шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил додааст. Дар ҷараёни ҳодисаи изтирорӣ беш аз 720 хонавода осеб дида, ҳудуди 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда нобуд шуданд.Дар пайи зилзилаҳои шадид, дар ҷумҳури комиссияи вижа таҳия шуд, ки ҳадафи он санҷиши биноҳои истиқоматӣ, ки то чӣ андоза мустаҳкаманд, таҳия гардид.
https://sputnik.tj/20230327/eloni-khisoroti-zaminlarza-dar-mastchoh-1055777838.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053116272_185:0:2916:2048_1920x0_80_0_0_a7f975c3e5daec905bc244e8783beae7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон арматура зилзила тобовари русӣ
тоҷикистон арматура зилзила тобовари русӣ
Тоҷикистон аз Русия арматураҳои ба зилзила тобоварро ворид мекунад
Бинокорони тоҷик нияти пешниҳод кардани маҳсулоти корхонаҳои металлургии Русияро дар бозори ҷумҳурӣ, ки ба он таваҷҷуҳ зиёд аст, эълон карданд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Арматурҳои ба зилзила тобовари истеҳсоли Русия таваҷҷӯҳи ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистонро ҷалб доранд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти Вазорати саноат ва энергетикаи вилояти Саратов хабар доданд.
Аз ҷумла, “Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон” ва ширкати русии “Новостал-М” ба мувофиқа расиданд, ки арматураи баландсифат ва ба зилзила тобоварро ба бозори сохтмонии ҷумҳурӣ пешниҳод кунанд.
Дар ояндаи наздик шарикон барои ширкатҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар Душанбе семинар баргузор мекунанд, ки дар он маҳсулоти наверо, ки барои бахши сохтмони Тоҷикистон мувофиқанд, муаррифӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар қаламрави ҷумҳурӣ як силсила заминларзаҳо рух дода, марказаш дар ноҳияи Кӯҳистони Матчински вилояти Суғд буд.
Шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил додааст. Дар ҷараёни ҳодисаи изтирорӣ беш аз 720 хонавода осеб дида, ҳудуди 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда нобуд шуданд.
Дар пайи зилзилаҳои шадид, дар ҷумҳури комиссияи вижа таҳия шуд, ки ҳадафи он санҷиши биноҳои истиқоматӣ, ки то чӣ андоза мустаҳкаманд, таҳия гардид.