https://sputnik.tj/20230327/eloni-khisoroti-zaminlarza-dar-mastchoh-1055777838.html
Садҳо хона хароб шуд: Эълони хисороти заминларза дар Мастчоҳ
Садҳо хона хароб шуд: Эълони хисороти заминларза дар Мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоятиву ноҳиявӣ хулосаҳои ниҳоии худро дар пайи санҷишҳо бо гузашти панҷ рӯз аз зилзила эълон кардаанд, аммо ин ниҳоӣ нест
2023-03-27T13:56+0500
2023-03-27T13:56+0500
2023-03-27T14:02+0500
кҳф
дар тоҷикистон
заминларза
хисорот
мастчоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055730458_0:370:960:910_1920x0_80_0_0_461dcbe371db1b9e87e9b99473f1d9d7.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар заминларзаи ахир, ки марказаш Кӯҳистони Мастчоҳ буд, 318 хонаҳои истиқоматӣ зарар дидаанд.Дар ин бора дафтари матбуоти КҲФ дар такя ба хулосаи гурӯҳи кории Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, зарари бештар дар деҳаҳои Палдорак, Ярм Пакшифи Деҳмонара, Дашти миёна, Роғ, Самҷон, Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангар ба қайд гирифта шудааст.Гуфта мешавад, натиҷаи муоина ва арзёбӣ маълум кард, ки дар манотиқи номбурда сосан биноҳои ёрирасони хоҷагиҳо вайрон гардида, 18 сар чорвои калон ва 27 сар моли майда низ мурдааст.Комиссия ба хулоса омад, ки як сабаби аслии вайрон гардидани иншоотҳои ёрирасон ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки пурра ё қисман зарар дидаанд, ин риоя нагардидани меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, бетаҳкурсӣ бунёд гардидани хонаҳо, пешбинӣ нашудани чораҳои зидди зилзилавӣ ва истифодабарии тулонии онҳо мебошад.Барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ тибқи супориши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кӯмакҳо дар шакли масолеҳи сохтмонӣ ва хӯрока ворид гашта истодааст.Ҳамаин тариқ 165 хона дар деҳаи Палдорак зарар дидаст, ки аз он 4 хона пурра хароб шуда, 37-то қисман зарар дидаанд ва ба 124 хона осеби сабук расидааст."Шумори хонаҳои зарардида дар деҳаи Ярм 23 адад буда, 7 хона қисман ва 16 хона зарари сабук дидаанд", - афзудааст КҲФ.Ба ҳамин тартиб дар деҳаҳои Пакшиф (49), Деҳманора (18), Дашти Миёна (11), Роғ (44), Самҷон (7), Худгифи Боло (1) хона заминларза зарар дидаанд.Гуфта мешавад, ки то ин лаҳзаҳо ба сокинони осебдидаи ноҳия 10 тонна орд, 200 литр равған, 100 кило гӯшт, 400 кило макарон, як тонна биринҷ, 100 кило сабзӣ, 100 кило пиёз, 1000 дона нон, 100 тонна семент аз шаҳри Панҷекат расидааст.Худи сокинони ноҳия ба зарардидагон 300 адад шифер, 5,8 тонна семент, 4 куб тахта, 5,8 тонна семент, 500 литр равған ва 400 килоӣ пиёзу макарону биринҷ фиристодаанд.Ҳамзамон КҲФ низ 79 адад хайма ба минтақаи аз офатҳои табиӣ зарардида ирсол намудааст.
https://sputnik.tj/20230323/farhod-rahimi-peshgui-zaminlarza-ghayriimkon-1055724018.html
https://sputnik.tj/20230324/afzoishi-tedod-zakhmiyon-zaminlarza-tojikiston-1055730913.html
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055730458_0:280:960:1000_1920x0_80_0_0_fe5b7ff5df1d6264b9b7d6aea1c59823.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон хисорот заминларза мастчоҳ
эълон хисорот заминларза мастчоҳ
Садҳо хона хароб шуд: Эълони хисороти заминларза дар Мастчоҳ
13:56 27.03.2023 (Навсозишуда: 14:02 27.03.2023) Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоятиву ноҳиявӣ хулосаҳои ниҳоии худро дар пайи санҷишҳо бо гузашти панҷ рӯз аз зилзила эълон кардаанд, аммо ин ниҳоӣ нест
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар заминларзаи ахир, ки марказаш Кӯҳистони Мастчоҳ буд, 318 хонаҳои истиқоматӣ зарар дидаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти КҲФ дар такя ба хулосаи гурӯҳи кории Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зарари бештар дар деҳаҳои Палдорак, Ярм Пакшифи Деҳмонара, Дашти миёна, Роғ, Самҷон, Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангар ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, натиҷаи муоина ва арзёбӣ маълум кард, ки дар манотиқи номбурда сосан биноҳои ёрирасони хоҷагиҳо вайрон гардида, 18 сар чорвои калон ва 27 сар моли майда низ мурдааст.
Комиссия ба хулоса омад, ки як сабаби аслии вайрон гардидани иншоотҳои ёрирасон ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки пурра ё қисман зарар дидаанд, ин риоя нагардидани меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, бетаҳкурсӣ бунёд гардидани хонаҳо, пешбинӣ нашудани чораҳои зидди зилзилавӣ ва истифодабарии тулонии онҳо мебошад.
Барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ тибқи супориши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кӯмакҳо дар шакли масолеҳи сохтмонӣ ва хӯрока ворид гашта истодааст.
Ҳамаин тариқ 165 хона дар деҳаи Палдорак зарар дидаст, ки аз он 4 хона пурра хароб шуда, 37-то қисман зарар дидаанд ва ба 124 хона осеби сабук расидааст.
"Шумори хонаҳои зарардида дар деҳаи Ярм 23 адад буда, 7 хона қисман ва 16 хона зарари сабук дидаанд", - афзудааст КҲФ.
Ба ҳамин тартиб дар деҳаҳои Пакшиф (49), Деҳманора (18), Дашти Миёна (11), Роғ (44), Самҷон (7), Худгифи Боло (1) хона заминларза зарар дидаанд.
Гуфта мешавад, ки то ин лаҳзаҳо ба сокинони осебдидаи ноҳия 10 тонна орд, 200 литр равған, 100 кило гӯшт, 400 кило макарон, як тонна биринҷ, 100 кило сабзӣ, 100 кило пиёз, 1000 дона нон, 100 тонна семент аз шаҳри Панҷекат расидааст.
Худи сокинони ноҳия ба зарардидагон 300 адад шифер, 5,8 тонна семент, 4 куб тахта, 5,8 тонна семент, 500 литр равған ва 400 килоӣ пиёзу макарону биринҷ фиристодаанд.
Ҳамзамон КҲФ низ 79 адад хайма ба минтақаи аз офатҳои табиӣ зарардида ирсол намудааст.