https://sputnik.tj/20230123/beshtar-saudi-haj-tojikiston-1054410130.html
Ду баробар зиёд: Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Тоҷикистонро бештар кард
Ду баробар зиёд: Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Тоҷикистонро бештар кард
Sputnik Тоҷикистон
Созиш дар мавриди ҷудо намудани теъдоди бештари квотаи ҳаҷ барои зоирини тоҷик зимни сафари ахири як ҳайати мақомдорон ба Арабистони Саудӣ ҳосил шудаст
2023-01-23T11:55+0500
2023-01-23T11:55+0500
2023-01-23T12:04+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҳаҷ
маросим
рамазон
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102076/57/1020765752_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_9de1d95be05bfc5c916641fad66f73cf.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Теъдоди квотаҳои ҷудошуда барои Тоҷикистон дар мавсими Ҳаҷ-2023 ҳудуди 7 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Ин миқдор квотаҳо барои зоирини тоҷикро Арабистони Саудӣ ҷудо кардааст, гуфт, сухангӯӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Афшини Муқим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, созиш ахиран зимни сафари ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода дар Арабистони Саудӣ ҳосил шуд. То ба 7 ҳазор расондани квотаҳо дар ҳолест, ки қаблан шумораашон ба далоили пандемияи коронавирус то ба 3,5 ҳазор адад кам шуда буданд. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кумитаи дин гуфт, ҷониби Арабистони Саудӣ ба ҳамаи кишварҳо таъкид кардааст, ки дар ҳолати хуруҷи дубораи бемории фарогир дубора маҳдудиятҳо барқарор карда хоҳанд шуд.Қабл аз пандемияи коронавирус то соли 2020 ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба адои маросими ҳаҷ - зиёрати амокини муқаддаси мусалмонон дар Маккаву Мадина мерафтанд.Арабистони Саудӣ ахиран эълон кард, ки маҳдудиятҳои ҳаҷро, ки ба далели бемории коронавирус қаблан ҷорӣ намуда буд, лағв кард. Таъкид шуд, ки теъдоди зоирон ба ҳолати қабл аз пандемия бармегарданд ва ҳеҷ гуна маҳдудияти синну солӣ вуҷуд надорад. Ҳаҷи фарзӣ яке аз панҷ рукни ислом буда, аз ҳаҷи умра фарқ мекунад. Дар ҳоле ки адои ҳаҷи умраро метавон дар давоми сол анҷом дод, ҳаҷи фарзӣ фақат пас аз моҳи Рамазон ва иди Қурбон адо мешавад.
https://sputnik.tj/20230111/saudi-kvota-muhojiron-posukhi-mufti-vide-1054150643.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102076/57/1020765752_261:0:2992:2048_1920x0_80_0_0_b25dd7cf4f9eac9821bf69e35b5acc9f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теъдод, квота, ҳаҷ, тоҷикистониён, маълум, афзоиш
теъдод, квота, ҳаҷ, тоҷикистониён, маълум, афзоиш
Ду баробар зиёд: Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Тоҷикистонро бештар кард
11:55 23.01.2023 (Навсозишуда: 12:04 23.01.2023) Созиш дар мавриди ҷудо намудани теъдоди бештари квотаи ҳаҷ барои зоирини тоҷик зимни сафари ахири як ҳайати мақомдорон ба Арабистони Саудӣ ҳосил шудаст
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Теъдоди квотаҳои ҷудошуда барои Тоҷикистон дар мавсими Ҳаҷ-2023 ҳудуди 7 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Ин миқдор квотаҳо барои зоирини тоҷикро Арабистони Саудӣ ҷудо кардааст, гуфт, сухангӯӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Афшини Муқим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, созиш ахиран зимни сафари ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода дар Арабистони Саудӣ ҳосил шуд.
То ба 7 ҳазор расондани квотаҳо дар ҳолест, ки қаблан шумораашон ба далоили пандемияи коронавирус то ба 3,5 ҳазор адад кам шуда буданд.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кумитаи дин гуфт, ҷониби Арабистони Саудӣ ба ҳамаи кишварҳо таъкид кардааст, ки дар ҳолати хуруҷи дубораи бемории фарогир дубора маҳдудиятҳо барқарор карда хоҳанд шуд.
Қабл аз пандемияи коронавирус то соли 2020 ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба адои маросими ҳаҷ - зиёрати амокини муқаддаси мусалмонон дар Маккаву Мадина мерафтанд.
Арабистони Саудӣ ахиран эълон кард, ки маҳдудиятҳои ҳаҷро, ки ба далели бемории коронавирус қаблан ҷорӣ намуда буд, лағв кард. Таъкид шуд, ки теъдоди зоирон ба ҳолати қабл аз пандемия бармегарданд ва ҳеҷ гуна маҳдудияти синну солӣ вуҷуд надорад.
Ҳаҷи фарзӣ яке аз панҷ рукни ислом буда, аз ҳаҷи умра фарқ мекунад. Дар ҳоле ки адои ҳаҷи умраро метавон дар давоми сол анҷом дод, ҳаҷи фарзӣ фақат пас аз моҳи Рамазон ва иди Қурбон адо мешавад.