Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ ва Чин мулоқот кард

© Фото : пресс-служба Министерства иностранных дел ТаджикистанаМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2023
Обуна шудан
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар бораи нишасти сарони кишварҳоро, ки моҳи майи соли 2023 баргузор мешавад, табодули назар карданд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар Сиан бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин мулоқот кардааст.
Ин чаҳорумин чорабинӣ дар ин формат аст.
Бино ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар мулоқоти навбатӣ вазирон доираи васеи масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа мавзӯи нишасти сарони давлатҳои "Осиёи Марказӣ - Чин", ки моҳи майи соли 2023 дар ҳамин шаҳр баргузор мешавад, махсус баррасӣ шудааст.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Тоҷикистону Чин раванди омодагӣ ба мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳи олиро баррасӣ карданд
Вазирони корҳои хориҷӣ доир ба "Баёнияи Сиан” нишасти дарпешистода ва як қатор санадҳои дигари марбут ба чорабинии дарпешистода табодули афкор намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа протоколи ҷаласа ва баёнияи иттилоотӣ қабул карда шуд.
Қаблан Тоҷикистон дар нишасти онлайни раҳбарони хадамоти гумрук дар формати "Осиёи Марказӣ - Чин" ширкат дошт.
Дар он масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби тарҳи “Равзанаи ягона”, табодули таҷриба дар заминаи рушди “Гумруки ҳушманд” ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо баррасӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0