Тоҷикистону Чин раванди омодагӣ ба мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳи олиро баррасӣ карданд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Обуна шудан
Вузарои хориҷаи Тоҷикистону Чин маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, масоили байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Тсин Ган дар Самарқанд баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт.
“Ҳамзамон ҷонибҳо раванди омодагӣ ба мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳи олиро муҳокима намуданд”, - таъкид кардааст вазорати хориҷа.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрел дар шаҳри Самарқанд Вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳаммарз бо Афғонистон баргузор гардид.
Глава МИД Ирана Хоссейн Амир Абдоллахиян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
ВКХ Эрон: Амрико масъули бесуботӣ дар Афғонистон аст
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (гурӯҳи 6+1) иштирок кард.
Ҳамзамон дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Эрон, Покистон, Чин, Туркманистон, Узбекистон ва Русия ширкат варзиданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, амниятӣ ва башарии Афғонистонро таҳти муҳокима қарор дода, оид ба роҳҳои расонидани кумаки лозима ба мардуми ин кишвар табодули назар намуданд.
Дар фарҷоми нишаст Баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон қабул гардид.
Лентаи хабарҳо
0