https://sputnik.tj/20230426/rahmon-hisob-kitob-pul-davlat-samaranok-1056685894.html
Раҳмон хост, ҳисобу китоби пули давлат дурусту сарфаш самаранок бошад
Раҳмон хост, ҳисобу китоби пули давлат дурусту сарфаш самаранок бошад
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини молияи Тоҷикистон барои сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат муваззаф шуданд
2023-04-26T09:00+0500
2023-04-26T09:00+0500
2023-04-26T09:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
пул
буҷа
эмомалӣ раҳмон
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кормандони бахши молияро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ даъват кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба вилояти Хатлон, дафтари нави кории масъулини молияро ба истифода дода, бо онҳо суҳбат кард. Роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ аз талаботи дигари президенти Тоҷикистон аз масъулини бахш будааст. Вай таъкид мақомдорони молияро барои сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат муваззаф сохтаст. Дастури президент барои истифодаи дурусти пули давлат дар ҳолест, ки даромади буҷаи соли 2023 беш аз 37 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати нишондоди соли гузашта ҳудуди 4 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол қисмати хароҷоти буҷаи давлатӣ дар соли равон беш аз 38 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати даромади пешбинишуда ҳудуди 1 млрд сомонӣ зиёд аст. Хароҷот дар соли равон дар муқоиса бо соли гузашта 13% ё ҳудуди 4,5 млрд сомонӣ зиёдтар пешбинӣ шудаст.
https://sputnik.tj/20230317/qismi-daromad-buja-tojikiston-barziyod-ijro-1055597055.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, президент, тоҷикистон, пул, давлат, эмомалӣ раҳмон
дастур, президент, тоҷикистон, пул, давлат, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон хост, ҳисобу китоби пули давлат дурусту сарфаш самаранок бошад
Масъулини молияи Тоҷикистон барои сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат муваззаф шуданд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кормандони бахши молияро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ даъват кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба вилояти Хатлон, дафтари нави кории масъулини молияро ба истифода дода, бо онҳо суҳбат кард.
Роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ аз талаботи дигари президенти Тоҷикистон аз масъулини бахш будааст.
Вай таъкид мақомдорони молияро барои сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат муваззаф сохтаст.
Дастури президент барои истифодаи дурусти пули давлат дар ҳолест, ки даромади буҷаи соли 2023 беш аз 37 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати нишондоди соли гузашта ҳудуди 4 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол қисмати хароҷоти буҷаи давлатӣ дар соли равон беш аз 38 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати даромади пешбинишуда ҳудуди 1 млрд сомонӣ зиёд аст. Хароҷот дар соли равон дар муқоиса бо соли гузашта 13% ё ҳудуди 4,5 млрд сомонӣ зиёдтар пешбинӣ шудаст.