https://sputnik.tj/20230317/qismi-daromad-buja-tojikiston-barziyod-ijro-1055597055.html
Қисми даромади буҷаи Тоҷикистон барзиёд иҷро шуд
Қисми даромади буҷаи Тоҷикистон барзиёд иҷро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи аввали соли равон даромади буҷети давлатии кишвар нисбат ба нишондиҳандаҳои банақшагирифташуда 0,7% зиёд мебошад
2023-03-17T18:02+0500
2023-03-17T18:02+0500
2023-03-17T18:02+0500
дар тоҷикистон
нақша
буҷа
иҷро
барзиёд
иқтисод
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_21f027dae1004c367b52b5318c39c8d5.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи натоиҷи ду моҳи соли 2023 қисми даромади будҷаи давлатии Тоҷикистон барзиёд иҷро шуд.Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар додааст.Вазорат тавзеҳ додааст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-феврали соли равон 6,4 млрд сомониро (553,7 млн доллар) ташкил додааст, ки нисбат ба нақшаи ба нақшагирифташуда 5,8 дарсад бештар аст.Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ ба маблағи 3,2 млрд сомонӣ ташкил додааст, ки 100,7% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Хамин тавр, кисми даромади буҷети давлатӣ 0,7% барзиёд иҷро гардид.Дар ҳамин ҳол, бахши хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳи январ беш аз 1,9 млрд сомониро ташкил дод. Фоизи иҷрои қисми хароҷоти буҷети давлатӣ24,5%-ро ташкил дод.Зимнан, ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манобеъи маблағгузорӣ 37,1 млрд сомонӣ муқаррар шудааст.
https://sputnik.tj/20230103/daromadi-buja-soli-nav-chiqadar-1053981104.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_254:0:1694:1080_1920x0_80_0_0_187a948c8f7841e3405f9c366d2073ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даромад, буҷа, бархзиёд, иҷро, нишондиҳанда,
тоҷикистон, даромад, буҷа, бархзиёд, иҷро, нишондиҳанда,
Қисми даромади буҷаи Тоҷикистон барзиёд иҷро шуд
Дар моҳи аввали соли равон даромади буҷети давлатии кишвар нисбат ба нишондиҳандаҳои банақшагирифташуда 0,7% зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи натоиҷи ду моҳи соли 2023 қисми даромади будҷаи давлатии Тоҷикистон барзиёд иҷро шуд.
Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар додааст.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-феврали соли равон 6,4 млрд сомониро (553,7 млн доллар) ташкил додааст, ки нисбат ба нақшаи ба нақшагирифташуда 5,8 дарсад бештар аст.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ ба маблағи 3,2 млрд сомонӣ ташкил додааст, ки 100,7% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Хамин тавр, кисми даромади буҷети давлатӣ 0,7% барзиёд иҷро гардид.
Дар ҳамин ҳол, бахши хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳи январ беш аз 1,9 млрд сомониро ташкил дод. Фоизи иҷрои қисми хароҷоти буҷети давлатӣ24,5%-ро ташкил дод.
Зимнан, ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манобеъи маблағгузорӣ 37,1 млрд сомонӣ муқаррар шудааст.