Дар Данғара кооперативи моҳипарварӣ фаъол шуд

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкРрыбоводное хозяйство
Ррыбоводное хозяйство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2023
Обуна шудан
Теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар Данғара ба 26 адад расида, дар давоми семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 7,5 тонна гӯшти моҳиро истеҳсол кардаанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара кооперативи тиҷоратии "Моҳипарварии Каёнуш"-ро ба истифода дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳавзҳо 55 ҳазор моҳича сар дод.
"Дар хоҷагӣ парвариши моҳии навъи “бестер” ба роҳ монда мешавад, ки дар ҷумҳурӣ аввалин маротиба мебошад. Оянда дар назар аст, ки дар ин хоҷагӣ беш аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш ёбад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳавзи моҳипарварӣ аз ҷониби соҳибкор Асадулло Исоев бунёд шудаст. Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳипарварӣ 17 гектарро ташкил дода, дорои навъҳои гуногуни моҳӣ мебошанд.
Ба раисҷумҳур ҳисобот доданд, ки дар марҳилаи аввал парвариши 55 ҳазор моҳӣ, аз қабили навъҳои моҳии сазан, пешонағафси сафед ва амури сафед ба роҳ монда шудааст.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои расмӣ, дар ноҳияи Данғара, фаъолияти 26 хоҷагии моҳипарварӣ дар 30 гектар замин ба роҳ монда шудааст.
Рыбак на берегу Кайраккумского водохранилища, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Моҳигирӣ дар Тоҷикистон пурра мамнуъ шуд: Чаро ва то кай?
Истеҳсоли гушти моҳӣ дар соли 2022 дар ноҳия 40 тоннаро ташкил намуда буд, семоҳаи аввали солил аврон 7,5 тонна гушти моҳӣ истеҳсол шудааст, афзуд манбаъ.
Таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ бо истифода аз технологияи нав, додани имтиёзҳои мусоид ба соҳибкорон дар самти мазкур фаъолияткунанда, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва коркарди гушти он, аз ҷумлаи омилҳои такондиҳандаи рушди соҳа арзёбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0