https://sputnik.tj/20230414/sirojiddin-muhriddin-vazir-tozatain-qazoqiston-muloqot-1056442943.html
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири тозатаъини хориҷаи Қазоқистон мулоқот кард
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири тозатаъини хориҷаи Қазоқистон мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони корҳои хориҷии ду ҷумҳурӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин сафари дарпешистодаи президенти Тоҷикистонро баррасӣ карданд
2023-04-14T09:32+0500
2023-04-14T09:32+0500
2023-04-14T09:36+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
сироҷиддин муҳриддин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056439692_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_9ca15618e397391fe0e81a9fe8827723.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мурат Нуртлеу, ҳамтои қазоқаш мулоқот кардааст. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Гуфтугӯҳо дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ сурат гирифт. Сироҷиддин Муҳриддин Мурат Нуртлеуи навтаъинро ба кори наваш самимона табрик гуфт, илова бар ин, ба ӯ дар фаъолияти давлатӣ муваффақият таманно намуд. Вазирон масъалахои муҳими муносибатҳои дутарафаи байни ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд. Аммо мавзӯи аслии баҳс сафари қарибулвуқӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон буд. Интизор меравад, ки раҳбари Тоҷикистон дар авоили моҳи май вориди Остона шавад. Ба ин муносибат тарафҳо нақшаи чорабиниҳои дар пешистодаро муайян карданд. Қайд карда мешавад, ки гуфтушунид дар вазъияти гарму ҷӯшон ва дустона гузашт. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 март дар Қазоқистон интихоботи вакилони маҷлис (палатаи поёнии порлумон) баргузор шуд. Пас аз он раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба кобинаи кӯҳна дастур дод, ки то замони таъсиси ҳукумати нав вазифаҳоро иҷро кунад. Ҳамин тавр, Мурат Нуртлеу рӯзи 3 апрел муовини нахуствазири Қазоқистон - вазири корҳои хориҷӣ шуд. Қабл аз ин ӯ ба ҳайси раиси дастгоҳи президент кор мекард.
https://sputnik.tj/20230413/muhriddin-konfrons-afghoniston-samarqand-1056425098.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056439692_229:0:1224:746_1920x0_80_0_0_a827c934a7ae77870a8ca9e2aab4731c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироҷиддин муҳриддин вазир тозатаъин қазоқистон мулоқот
сироҷиддин муҳриддин вазир тозатаъин қазоқистон мулоқот
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири тозатаъини хориҷаи Қазоқистон мулоқот кард
09:32 14.04.2023 (Навсозишуда: 09:36 14.04.2023) Вазирони корҳои хориҷии ду ҷумҳурӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин сафари дарпешистодаи президенти Тоҷикистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мурат Нуртлеу, ҳамтои қазоқаш мулоқот кардааст. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Гуфтугӯҳо дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ сурат гирифт.
Сироҷиддин Муҳриддин Мурат Нуртлеуи навтаъинро ба кори наваш самимона табрик гуфт, илова бар ин, ба ӯ дар фаъолияти давлатӣ муваффақият таманно намуд.
Вазирон масъалахои муҳими муносибатҳои дутарафаи байни ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.
Аммо мавзӯи аслии баҳс сафари қарибулвуқӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон буд.
Интизор меравад, ки раҳбари Тоҷикистон дар авоили моҳи май вориди Остона шавад.
Ба ин муносибат тарафҳо нақшаи чорабиниҳои дар пешистодаро муайян карданд.
Қайд карда мешавад, ки гуфтушунид дар вазъияти гарму ҷӯшон ва дустона гузашт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 март дар Қазоқистон интихоботи вакилони маҷлис (палатаи поёнии порлумон) баргузор шуд. Пас аз он раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба кобинаи кӯҳна дастур дод, ки то замони таъсиси ҳукумати нав вазифаҳоро иҷро кунад.
Ҳамин тавр, Мурат Нуртлеу рӯзи 3 апрел муовини нахуствазири Қазоқистон - вазири корҳои хориҷӣ шуд. Қабл аз ин ӯ ба ҳайси раиси дастгоҳи президент кор мекард.