https://sputnik.tj/20230422/kiev-peshraft-rusiya-artyomovsk-1056613238.html
Киев пешрафти Русияро дар Артёмовск эътироф кард
Киев пешрафти Русияро дар Артёмовск эътироф кард
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби вазири дифои Украина бо эътирофи пешрафтҳои қувваҳои мусаллаҳи Русия дар Артёмовск таъкид намуд, ки вазъ шадид, вале назоратшаванда мебошад
2023-04-22T09:03+0500
2023-04-22T09:03+0500
2023-04-22T09:03+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
амалиёт
низомӣ
донетск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055355720_0:20:1725:990_1920x0_80_0_0_4ad3fe729857ba4e5a8c7e4eb79a8489.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Нерӯҳои Русия дар Артёмовск ҳамла ва пешрафтро идома медиҳанд, навиштааст муовини вазири дифои Украина Анна Маляр. Вай дар саҳифааш дар Telegram изҳор дошт, ки рақибашон ба дастовардҳо ноил гардид. Дар ҳамин ҳол, Маляр иддао дорад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳам амалиёти дифоӣ ва ҳам "ҳамла" анҷом медиҳанд. Ӯ вазъ дар Артёмовскро "шадид, вале назоратшаванда" номид.Қаблан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Киевро аз эҳтимоли муҳосираи нирӯҳояш дар Артёмовск ҳушдор дода, пешниҳод карда будаанд, ки шаҳрро тарк кунад.Тибқи баҳогузориҳои мақомоти истихборотии ИМА бо қайди "хеле махфӣ" ҳушдор дода шуда буд, ки дастовардҳои "устувор"-и Русия "қобилияти Украинаро барои нигоҳ доштани шаҳр зери хатар мегузоранд".Таъкид гардида буд, ки ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина "агар дар давоми як моҳи оянда ақиб нанишинанд, хатари муҳосира шуданашон мумкин аст".Ёдовар мешавем, ки Артёмовск дар шимоли Горловка дар Донетск ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст. Бештар аз ним сол аст, ки барои шаҳр муҳорибаҳои шадид давом доранд.
https://sputnik.tj/20230421/talosh-artish-ukraina-istifoda-siloh-kimyoi-zaparozhie-1056610404.html
украина
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055355720_190:0:1535:1009_1920x0_80_0_0_e7a678b790c57ed682e0de7fd7d58a75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эътироф, русия, украина, дастовард
эътироф, русия, украина, дастовард
Киев пешрафти Русияро дар Артёмовск эътироф кард
Ноиби вазири дифои Украина бо эътирофи пешрафтҳои қувваҳои мусаллаҳи Русия дар Артёмовск таъкид намуд, ки вазъ шадид, вале назоратшаванда мебошад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Нерӯҳои Русия дар Артёмовск ҳамла ва пешрафтро идома медиҳанд, навиштааст муовини вазири дифои Украина Анна Маляр.
Вай дар саҳифааш дар Telegram изҳор дошт, ки рақибашон ба дастовардҳо ноил гардид.
"Ҳоло задухӯрдҳои шадид идома доранд. Душман ҳамла мекунад, дар баъзе минтақаҳо дар баъзе ҷойҳо пеш рафта истодааст", - шудааст дар паём.
Дар ҳамин ҳол, Маляр иддао дорад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳам амалиёти дифоӣ ва ҳам "ҳамла" анҷом медиҳанд. Ӯ вазъ дар Артёмовскро "шадид, вале назоратшаванда" номид.
Қаблан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Киевро аз эҳтимоли муҳосираи нирӯҳояш дар Артёмовск ҳушдор дода, пешниҳод карда будаанд, ки шаҳрро тарк кунад.
Тибқи баҳогузориҳои мақомоти истихборотии ИМА бо қайди "хеле махфӣ" ҳушдор дода шуда буд, ки дастовардҳои "устувор"-и Русия "қобилияти Украинаро барои нигоҳ доштани шаҳр зери хатар мегузоранд".
Таъкид гардида буд, ки ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина "агар дар давоми як моҳи оянда ақиб нанишинанд, хатари муҳосира шуданашон мумкин аст".
Ёдовар мешавем, ки Артёмовск дар шимоли Горловка дар Донетск ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст. Бештар аз ним сол аст, ки барои шаҳр муҳорибаҳои шадид давом доранд.