https://sputnik.tj/20230425/tasvirbayon-taghyir-khatsayr-musofirkash-dushanbe-1056686363.html
Тасвирбаёни тағйири хатсайри мусофиркашӣ дар Душанбе
Тасвирбаёни тағйири хатсайри мусофиркашӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбандие, ки ба далели таҷдиди роҳ дар кӯчаи Соҳилии пойтахти Тоҷикистон сурат мегирад, масири ҳаракати бархе аз мусофирбарҳоро дигар мекунад
2023-04-25T21:30+0500
2023-04-25T21:30+0500
2023-04-25T21:30+0500
дар тоҷикистон
тағйирот
тасвирбаён
мусофир
роҳбандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056682015_1:0:1281:720_1920x0_80_0_0_6fa57cf4f53fffd164bd8b7b3950f16d.png
Шуруъ аз санаи 28 апрели соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе мутаваққиф мешавад.Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ин масир тағйирот ворид мегардад. Дар феҳрасти мусофирбарҳое, ки хатти ҳаракаташон тағйир хоҳад ёфт, аз ҷумла хатсайри автобусии №81, микроавтобусҳои рақами 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 зикр гардиданд.Роҳи "Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор" навсозӣ мешавадТавзеҳ дода шуд, ки мусофирбарҳо таҳти рақамҳои номбаршуда, то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад."Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.Маврид ба зикр аст, ки бо мурури зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва худравҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрдорӣ ҳамасола таҷдиду бунёди роҳҳоро амалӣ мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056682015_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_b4c6568f0f26b090d752b4ac17a08da8.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тағйирот, тасвирбаён, мусофир, роҳбандӣ, инфографика
дар тоҷикистон, тағйирот, тасвирбаён, мусофир, роҳбандӣ, инфографика
Тасвирбаёни тағйири хатсайри мусофиркашӣ дар Душанбе
Роҳбандие, ки ба далели таҷдиди роҳ дар кӯчаи Соҳилии пойтахти Тоҷикистон сурат мегирад, масири ҳаракати бархе аз мусофирбарҳоро дигар мекунад
Шуруъ аз санаи 28 апрели соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе мутаваққиф мешавад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ин масир тағйирот ворид мегардад.
Дар феҳрасти мусофирбарҳое, ки хатти ҳаракаташон тағйир хоҳад ёфт, аз ҷумла хатсайри автобусии №81, микроавтобусҳои рақами 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 зикр гардиданд.
Тавзеҳ дода шуд, ки мусофирбарҳо таҳти рақамҳои номбаршуда, то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.
"Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки бо мурури зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва худравҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрдорӣ ҳамасола таҷдиду бунёди роҳҳоро амалӣ мекунад.