Дар Хатлон роҳи "Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор"-ро навсозӣ мекунад

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкРеконструкция трассы, архивное фото
Реконструкция трассы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Обуна шудан
Таъмиру навсозии роҳ, ки барои ҳаракату боркашонии бештар мусоид хоҳад буд, бо харҷи беш аз 61 млн доллар сурат гирифта, паймонкори он шикати чинист
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор” оғоз бахшиданд.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, он аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант” мебошад, ки дарозии он 9,72 километрро ташкил медиҳад.
Ин қитъа бо харҷи 22,81 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардида, баъд аз таҷдиду навсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 1-Б техникӣ баробар мешавад.
“Бунёду навсозии марҳилаи дуюми қитъа- қитъаи роҳи мошингарди Левакант — Лолазор аст, ки бо дарозии 30,28 километр ва бо харҷи зиёда аз 19,62 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад”, - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, бунёду навсозии 3 қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор бо маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд бунёд шуда, 2 қитъаи он аз тарафи ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.
Марҳилаи сеюм бунёду навсозии қитъаи роҳи Лолазор — Данғара мебошад, ки дарозии он 28,7 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 18,96 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Вазири тоҷик гуфт, дар зарфи 30 сол дар бахши роҳу нақлиёт кишвар чӣ пешравиҳо кардааст
Тибқи лоиҳа дар масири роҳ навсозии 4 пул низ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора як пули мошингузар дар марҳилаи дуюм, ки қитъаи Левакант — Лолазор мебошад, пурра навсозӣ мегардад.
Паймонкори асосӣ Ширкати чинии "Нанҷинг Комюникейшн Инҷинияринг Лтд Ко" мебошад.
Таъкид мешавад, ки бунёду навсозии роҳ аҳаммияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Лентаи хабарҳо
0