https://sputnik.tj/20230425/rohbandi-dushanbe-masir-harakat-musofirbar-taghyir-1056679523.html
Роҳбандӣ дар Душанбе: масири ҳаракати 10 мусофирбар тағйир меёбад
Роҳбандӣ дар Душанбе: масири ҳаракати 10 мусофирбар тағйир меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки дар роҳи яке аз кӯчаҳои пойтахт корҳои таъмирӣ роҳандозӣ мешаванд ва ҳаракат дар он муваққаттан масдуд хоҳад буд
2023-04-25T17:40+0500
2023-04-25T17:40+0500
2023-04-25T20:32+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
душанбе
пойтахт
мошин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_0:194:2953:1855_1920x0_80_0_0_a6e6548838b4cd7e9cbb08e06c34a3f4.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Шуруъ аз санаи 28 апрели соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе мутаваққиф мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, сабаби онро гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди ин кӯча ба масофаи ҳудуди ним киломатр хондаст. Манбаъ афзуд, ки мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ин масир тағйирот ворид мешавад. Дар феҳрасти мусофирбарҳое, ки хатти ҳаракаташон тағйир хоҳад ёфт, аз ҷумла хатсайри автобусии №81, микроавтобусҳои рақами 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 зикр гардиданд. Тавзеҳ дода шуд, ки мусофирбарҳо таҳти рақамҳои номбаршуда, то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад."Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода баранд", - омадааст дар иттилоия. Маврид ба зикр аст, ки бо мурури зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва худравҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрдорӣ ҳамасола таҷдиду бунёди роҳҳоро амалӣ мекунад. Ба бунёди роҳҳои нав дар Тоҷикистон аз ҷумла соҳибкорон низ ҷалб мешаванд.
https://sputnik.tj/20230425/vaziri-tojik-rohu-naqliyot-kishvar-peshraviho-1056659847.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_111:0:2842:2048_1920x0_80_0_0_777109ed6fadf646edfa6b51b2a76c04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйир, ҳаракат, мусофирбар, душанбе
тағйир, ҳаракат, мусофирбар, душанбе
Роҳбандӣ дар Душанбе: масири ҳаракати 10 мусофирбар тағйир меёбад
17:40 25.04.2023 (Навсозишуда: 20:32 25.04.2023) Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки дар роҳи яке аз кӯчаҳои пойтахт корҳои таъмирӣ роҳандозӣ мешаванд ва ҳаракат дар он муваққаттан масдуд хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Шуруъ аз санаи 28 апрели соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе мутаваққиф мешавад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, сабаби онро гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди ин кӯча ба масофаи ҳудуди ним киломатр хондаст.
Манбаъ афзуд, ки мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ин масир тағйирот ворид мешавад.
Дар феҳрасти мусофирбарҳое, ки хатти ҳаракаташон тағйир хоҳад ёфт, аз ҷумла хатсайри автобусии №81, микроавтобусҳои рақами 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 зикр гардиданд.
Тавзеҳ дода шуд, ки мусофирбарҳо таҳти рақамҳои номбаршуда, то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.
"Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки бо мурури зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва худравҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрдорӣ ҳамасола таҷдиду бунёди роҳҳоро амалӣ мекунад. Ба бунёди роҳҳои нав дар Тоҷикистон аз ҷумла соҳибкорон низ ҷалб мешаванд.