https://sputnik.tj/20230425/rahmon-okhirin-charkha-sarband-navsozi-iftitoh-1056665393.html
Раҳмон охирин чархаи НБО "Сарбанд"-ро пас аз навсозӣ ифтитоҳ кард
Раҳмон охирин чархаи НБО "Сарбанд"-ро пас аз навсозӣ ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар панҷумин неругоҳи барқии обии Тоҷикистон, ки дар дарёи Вахш ҷойгир аст, пас аз таҷдиду навсозӣ чархаи нави пуриқтидор ба кор андохта шуд
2023-04-25T11:59+0500
2023-04-25T11:59+0500
2023-04-25T11:59+0500
эмомалӣ раҳмон
сарбанд
нбо
барқ
энергетика
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102149/82/1021498220_0:254:4928:3026_1920x0_80_0_0_b271a64ea003aeda6d0e4cc8d890e08c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд”-и Левакант боздид кард ва дар он чархаи рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Чархаи нав иқтидораш 39 МВт пас аз таъмири ҳамаҷониба ва навсозӣ ба истифода дода шуд. Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва навсозии маҷмааи барқи обӣ баҳои баланд дода, афзудааст, ки ин боз як қадами дигар барои расидан ба сатҳи комили истиқлоли энержии кишвар аст.Қобили зикр аст, ки НБО Сарбанд бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин НБО дар кишвар дар дарёи Вахш аст. Иқтидори пешбинишудаи нерӯгоҳи барқи обӣ пас аз анҷоми кор ба 270 МВт мерасад. Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд.Лоиҳаи барқарорсозӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд 136 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи лоиҳаи мазкур афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори мураттабу самараноки корхона ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои техникии муосир мебошад. ГУфта мешавад, ки агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти нави барқ аз Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон оварда шудаанд.
https://sputnik.tj/20230418/mln-dollar-daromad-tojikiston-barq-1056542553.html
сарбанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102149/82/1021498220_278:0:4651:3280_1920x0_80_0_0_9e7cfacbbcb5677df7ed620fa5449ad8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон чарха нбо "сарбанд" навсозӣ ифтитоҳ
раҳмон чарха нбо "сарбанд" навсозӣ ифтитоҳ
Раҳмон охирин чархаи НБО "Сарбанд"-ро пас аз навсозӣ ифтитоҳ кард
Дар панҷумин неругоҳи барқии обии Тоҷикистон, ки дар дарёи Вахш ҷойгир аст, пас аз таҷдиду навсозӣ чархаи нави пуриқтидор ба кор андохта шуд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд”-и Левакант боздид кард ва дар он чархаи рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Чархаи нав иқтидораш 39 МВт пас аз таъмири ҳамаҷониба ва навсозӣ ба истифода дода шуд.
Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва навсозии маҷмааи барқи обӣ баҳои баланд дода, афзудааст, ки ин боз як қадами дигар барои расидан ба сатҳи комили истиқлоли энержии кишвар аст.
Қобили зикр аст, ки НБО Сарбанд бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин НБО дар кишвар дар дарёи Вахш аст.
Иқтидори пешбинишудаи нерӯгоҳи барқи обӣ пас аз анҷоми кор ба 270 МВт мерасад.
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст.
Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд.
Лоиҳаи барқарорсозӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд 136 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори мураттабу самараноки корхона ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои техникии муосир мебошад.
ГУфта мешавад, ки агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти нави барқ аз Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон оварда шудаанд.