https://sputnik.tj/20230418/mln-dollar-daromad-tojikiston-barq-1056542553.html
Қариб 9 млн доллар даромади Тоҷикистон аз фурӯши барқ
Қариб 9 млн доллар даромади Тоҷикистон аз фурӯши барқ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти омори Тоҷикистон ҳисоб кардаанд, ки даромади ҷумҳурӣ аз содироти барқ дар семоҳаи аввали соли равон нисбати соли гузашта қариб 18% афзоиш ёфтааст 18.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-18T19:25+0500
2023-04-18T19:25+0500
2023-04-18T19:25+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
лағв
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/10/1038522401_0:0:3239:1822_1920x0_80_0_0_7ac8fe2bd46ef48fd2fde3db8ecc6f7c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷа 8,6 млн доллар даромад гирифтааст. Дар ин бора аз қавли Агентии омори Тоҷикистон хабар дода шуда, зикр гардидааст, ки даромад аз содироти барқ дар соли гузашта ҳудуди 7,3 млн долларро ташкил додаст. Таъкид шудааст, ки афзоиши ҳаҷми даромад дар 3 моҳи аввали соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта муодили 17,5% шудаст. Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор тавзеҳ дод, ки дар моҳи феврал ҳаҷми содирот 2,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ, ки содирот ба 4,3 миллион доллар расид, 42% камтар будааст.Дар феҳрасти харидорони асосии барқи Тоҷикистон, одатан Афғонистон ва Узбекистон қарор доранд.Ба иттилои "Барқи тоҷик", ҷумҳурӣ дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон тамоми сол шартнома ва ҳамчунин бо Узбекистон барои давраи баҳору тобистон созишнома дорад.Ёдовар мешавем, ки дар фасли сармои соли равон Тоҷикистон дучори камбуди барқ шуда, бархе аз навоҳӣ бо маҳдудият нерӯ мегирифтанд. Расман 1 феврали соли равон "Барқи тоҷик" аз ҷорӣ шудани лимити нерӯи барқ ба далели камбуди манобеъи об хабар дода буд ва бо фарорасии мавсими гармо ва зиёд шудани ҳаҷми об дар дарёҳо он лағв гардид.
https://sputnik.tj/20230120/tojikiston-sodirot-nerui-barq-uzbekiston-1054361529.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/10/1038522401_452:0:3183:2048_1920x0_80_0_0_9f6f9093ee6116ad2f6c98f248941f00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, энергетика, лағв, маҳдудият
дар тоҷикистон, барқ, энергетика, лағв, маҳдудият
Қариб 9 млн доллар даромади Тоҷикистон аз фурӯши барқ
Мақомоти омори Тоҷикистон ҳисоб кардаанд, ки даромади ҷумҳурӣ аз содироти барқ дар семоҳаи аввали соли равон нисбати соли гузашта қариб 18% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷа 8,6 млн доллар даромад гирифтааст.
Дар ин бора аз қавли Агентии омори Тоҷикистон хабар дода шуда, зикр гардидааст, ки даромад аз содироти барқ дар соли гузашта ҳудуди 7,3 млн долларро ташкил додаст.
Таъкид шудааст, ки афзоиши ҳаҷми даромад дар 3 моҳи аввали соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта муодили 17,5% шудаст.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор тавзеҳ дод, ки дар моҳи феврал ҳаҷми содирот 2,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ, ки содирот ба 4,3 миллион доллар расид, 42% камтар будааст.
Дар феҳрасти харидорони асосии барқи Тоҷикистон, одатан Афғонистон ва Узбекистон қарор доранд.
Ба иттилои "Барқи тоҷик", ҷумҳурӣ дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон тамоми сол шартнома ва ҳамчунин бо Узбекистон барои давраи баҳору тобистон созишнома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар фасли сармои соли равон Тоҷикистон дучори камбуди барқ шуда, бархе аз навоҳӣ бо маҳдудият нерӯ мегирифтанд.
Расман 1 феврали соли равон "Барқи тоҷик" аз ҷорӣ шудани лимити нерӯи барқ ба далели камбуди манобеъи об хабар дода буд ва бо фарорасии мавсими гармо ва зиёд шудани ҳаҷми об дар дарёҳо он лағв гардид.