Иҷозати раиси Душанбе ба чорабинии мотосиклронҳо дар пойтахт

© Sputnik / Амир ИсаевОткрытие мотосезона в Душанбе
Открытие мотосезона в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон чорабинии "Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2023" баргузор мешавад, ки ҳаракати қатори мотосиклҳро дар бар мегирад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Рӯзи 29 апрел дар пойтахти Тоҷикистон маросими ифтитоҳи мавсими мотосиклронҳо дар назар аст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, қарор дар ин бораро раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба имзо расонд.
Таъкид шудааст, ки мақсади қарори шаҳрдлорӣ дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабинии "Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2023" ва бо ҳамин роҳ дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
"Ба клуби мототсиклронҳои "Ирбис МСС Тоҷикистон" барои баргузор намудани чорабинии "Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2023" санаи 29 апрели соли 2023 аз соати 9:00 10:00 иҷозат дода шавад", - омадааст дар қарор.
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Роҳбандӣ дар Душанбе: масири ҳаракати 10 мусофирбар тағйир меёбад
Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" муқаррар шудааст.
Сипас ҳаракати қатори иштирокчиён бо мушоиати автомобилҳои роҳбонии шуъбаи БДА сурат мегирад.
Ҳаракат аз назди муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" оғоз гардида, тариқи хиёбону кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ, ба самти кӯчаи Карамов - хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост кӯчаҳои Теҳрон, Шероз, хиёбонҳои И.Сомонӣ, Н.Махсум баромад ба роҳи автомобилгарди самти шаҳри Ҳисор ба роҳ монда шавад.
Мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва тандурустии шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, ва хизматрасонии "Ёрии таъҷилии тиббӣ"-ро таъмин намоянд.
Лентаи хабарҳо
0