Аз як бех 4 кило бодиринг: Раҳмон бо кори гармхонаи Саидмурод Давлатов шинос шуд

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Саидмурод Давлатов, соҳибкор
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Саидмурод Давлатов, соҳибкор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Обуна шудан
Таъкид шуд, ки маҳсулоти гармхонаи марбути ширкати “Витаминҳои Тоҷикистон” аввал барои бозори дохилӣ ва баъдан ба Қазоқистону Русия равона хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Витаминҳои Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, гармхонаи инноватсионӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бунёд гардидааст.
Ба раисҷумҳур иттилоъ додааст, ки дар бештар аз 1 гектар замини дохили гармхона 30 ҳазор бех ниҳоли бодиринг бо дарназардошти талаботи аграрӣ шинонида шудааст.
"Аз ҳар бехи он аз 3 то 4 килограм маҳсулот дорад. Дар умум аз як гектари гармхонаи мазкур тибқи дурнамо дар як давра бояд то 100 тонна ин навъи маҳсулот ба даст оварда шавад", - омадааст дар иттилоия.
гармхонаи “ТОҶ АГРО” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Бунёди гармхонаҳои муосир ва боғҳои интенсивӣ дар Хатлон
Таъкид шудаст, ки баъди истифодаи пурраи гармхонаи мазкур то ба 1 ҳазор тонна намудҳои гуногуни маҳсулоти аълосифат ба даст овардан мумкин аст, ки дар тамоми фасли сол дастрас хоҳанд буд.
Дар нақша аст, ки дар як сол то 3 ҳосил аз гармхонаи “Витаминҳои Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон ба даст оварда шавад, иттилоъ додаанд ба президент.
Таъкид гардид, ки дар навбати аввал маҳсулоти гармхона барои қонеъсозии талаботи дохилӣ ба бозор ба фурӯш бароварда мешавад ва минбаъд бо афзоиш ёфтани истеҳсолот он низ ба кишварҳои чун Русия ва Қазоқистон содирот хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0