https://sputnik.tj/20230220/bunyod-garmkhona-bog-intensivi-khatlon-1055062384.html
Бунёди гармхонаҳои муосир ва боғҳои интенсивӣ дар Хатлон
Бунёди гармхонаҳои муосир ва боғҳои интенсивӣ дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд гармхонаҳои муосир ва боғҳои интенсивӣ бунёд карда мешаванд 20.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-20T15:50+0500
2023-02-20T15:50+0500
2023-02-20T15:50+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
ҳамкорӣ
батр
маҳсулот
гармхона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/14/1055059113_0:104:2048:1256_1920x0_80_0_0_7cabfbc426fa1e2ea6ccda39aed5fa53.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо кишоварзони вилояти Хатлон гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои интенсивӣ бунёд намояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин масъала ахиран зимни мулоқоти роҳбарияти вилояти Хатлон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид.“Дар ояндаи наздик ҷиҳати рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон, фаъолияти босамари соҳибкорон, хоҷагидорон ва боғпарварон як зумра тадбирҳои муассир, аз ҷумла бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои интенсивиро роҳандозӣ менамоем”,- қайд кардааст намояндагони Бонк.Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки дар заминаи ин ҳамкорӣ соҳибкорону хоҷагидорон имкон доранд, маҳсулоти парваридаи худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешкаш созанд.Ба гуфти масъулин, дар вилояти Хатлон барои рушди соҳаи кишоварзӣ заминаҳои мусоид вуҷуд дошта, соҳибкорону кишоварзони вилоят метавонанд бо роҳандозии як қатор чораандешиҳо маҳсулоти сифатан беҳтарро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намоянд.Зикр гардидааст, ки бо фаъол гардидани бахши хусусӣ, шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкории судманд миёни намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва соҳикорону кишоварзон метавон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашт.
https://sputnik.tj/20221226/khatlon-daromad-buja-afzoishi-mahsulot-kishovarzi-1053806382.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/14/1055059113_118:0:1931:1360_1920x0_80_0_0_9b232911a765451a2894b299fd736cf6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, ҳамкорӣ, батр, маҳсулот, гармхона
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, ҳамкорӣ, батр, маҳсулот, гармхона
Бунёди гармхонаҳои муосир ва боғҳои интенсивӣ дар Хатлон
Дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд гармхонаҳои муосир ва боғҳои интенсивӣ бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо кишоварзони вилояти Хатлон гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои интенсивӣ бунёд намояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин масъала ахиран зимни мулоқоти роҳбарияти вилояти Хатлон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид.
“Дар ояндаи наздик ҷиҳати рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон, фаъолияти босамари соҳибкорон, хоҷагидорон ва боғпарварон як зумра тадбирҳои муассир, аз ҷумла бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои интенсивиро роҳандозӣ менамоем”,- қайд кардааст намояндагони Бонк.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки дар заминаи ин ҳамкорӣ соҳибкорону хоҷагидорон имкон доранд, маҳсулоти парваридаи худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешкаш созанд.
Ба гуфти масъулин, дар вилояти Хатлон барои рушди соҳаи кишоварзӣ заминаҳои мусоид вуҷуд дошта, соҳибкорону кишоварзони вилоят метавонанд бо роҳандозии як қатор чораандешиҳо маҳсулоти сифатан беҳтарро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намоянд.
Зикр гардидааст, ки бо фаъол гардидани бахши хусусӣ, шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкории судманд миёни намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва соҳикорону кишоварзон метавон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашт.