https://sputnik.tj/20230424/muarrifi-prokuror-nav-khujand-1056651808.html
Муаррифии прокурори нави Хуҷанд
Муаррифии прокурори нави Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон, ки ахиран аз як сафари корӣ аз Суғд баргашт, дар мақомоти додситонии вилоят тағйироти кадрӣ анҷом додаст
2023-04-24T19:40+0500
2023-04-24T19:40+0500
2023-04-24T19:40+0500
дар тоҷикистон
назорати тартибот
хуҷанд
суғд
юсуф раҳмон
додситон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102531/73/1025317373_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_f783c188d922c58cd5c3b0bc18fcb66f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон прокурори нави шаҳри Хуҷандро таъйин намудааст. Бино ба фармони прокурори генералӣ, Ҳусензода Ҳокимшо, иҷрокунандаи прокурори шаҳри Хуҷанд таъйин шудааст, иттилоъ доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон аз вилояти Суғд. Курсии прокурори Хуҷанд баъди прокурори шаҳри Хоруғ таъйин шудани Авазҷон Назарзода чанд вақт ба ин тараф холӣ буд. Ҳусензода Ҳокимшо, то ин вақт дар мақоми муовини сардори Раёсати назоратӣ умумӣ дар прокуратураи генералӣ кор мекардааст. Дар гузашта чанд сол корманди шуъбаи кадрҳои прокуратураи вилояти Суғд буд. Бино ба иттилои дарёфтӣ зимнан ба ҳисоби шаҳри Хуҷанд, прокурорҳои навоҳии Ашту Деваштич ва Мастчоҳ таъйин шудаанд.Қаблан Юсуф Раҳмон зимни шарҳи барканории Парвиз Орифзода аз мақоми додситони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон изҳор дошт, ки ин як раванди корӣ мебошад. Вай афзуд, ки дар мақомоти тобеяш мунтазам додситонҳоро дар шаҳру навоҳӣ барканору таъйин мекунад. Раҳмон бо таъкиди он, ки дар ин раванд чизи наве нест, аз ироаи тафсилоти бештар худдорӣ намуд.
https://sputnik.tj/20230320/guzorish-prokuror-pul-qonunshikani-sarhad-rustam-1055634874.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102531/73/1025317373_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_75b65385e3e7835d9678f6fe2b032bd1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирот, кадрӣ, вилоят, суғд, мақомот
тағйирот, кадрӣ, вилоят, суғд, мақомот
Муаррифии прокурори нави Хуҷанд
Додситони кулли Тоҷикистон, ки ахиран аз як сафари корӣ аз Суғд баргашт, дар мақомоти додситонии вилоят тағйироти кадрӣ анҷом додаст
ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон прокурори нави шаҳри Хуҷандро таъйин намудааст.
Бино ба фармони прокурори генералӣ, Ҳусензода Ҳокимшо, иҷрокунандаи прокурори шаҳри Хуҷанд таъйин шудааст, иттилоъ доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон аз вилояти Суғд.
"Имрӯз зимни баргузории як ҷаласа бо иштироки кормандони ин ниҳод Ҳусензода Ҳокимшо минҳайси иҷрокунандаи вазифаи прокурори Хуҷанд муаррифӣ гардид” - гуфт, мусоҳиб.
Курсии прокурори Хуҷанд баъди прокурори шаҳри Хоруғ таъйин шудани Авазҷон Назарзода чанд вақт ба ин тараф холӣ буд.
Ҳусензода Ҳокимшо, то ин вақт дар мақоми муовини сардори Раёсати назоратӣ умумӣ дар прокуратураи генералӣ кор мекардааст.
Дар гузашта чанд сол корманди шуъбаи кадрҳои прокуратураи вилояти Суғд буд. Бино ба иттилои дарёфтӣ зимнан ба ҳисоби шаҳри Хуҷанд, прокурорҳои навоҳии Ашту Деваштич ва Мастчоҳ таъйин шудаанд.
Қаблан Юсуф Раҳмон зимни шарҳи барканории Парвиз Орифзода аз мақоми додситони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон изҳор дошт, ки ин як раванди корӣ мебошад.
Вай афзуд, ки дар мақомоти тобеяш мунтазам додситонҳоро дар шаҳру навоҳӣ барканору таъйин мекунад. Раҳмон бо таъкиди он, ки дар ин раванд чизи наве нест, аз ироаи тафсилоти бештар худдорӣ намуд.