https://sputnik.tj/20230424/javoni-tamaju-mashuqa-hantazh-dastgir-1056634025.html
Баъди аввалин дидор: ҷавони тамаъҷӯ маъшуқаашро "шантаж" карду дастгир шуд
Баъди аввалин дидор: ҷавони тамаъҷӯ маъшуқаашро "шантаж" карду дастгир шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон пулис ноболиғдухтареро аз хатари ҳамчун манбаи даромад аз ҷониби ҷавони тамаъкоре мубаддал шуданаш наҷот додаанд
2023-04-24T09:45+0500
2023-04-24T09:45+0500
2023-04-25T13:18+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
шантаж
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/49/1028184948_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_326a457d781400dd7a4ff42e99b351c6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Як ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудааст.Муттаҳам дар пайи шикояти ҷавондухтари ноболиғи 17-сола, сокини ноҳия Б. Ғафуров дастгир шудааст.Ба гузориши РВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, боздоштшуда Н.З. бо ноболиғ сар аз моҳи марти соли ҷорӣ шиносоӣ пайдо менамоянд.Аммо ҷавон пас аз аввалин дидорашон бо духтар ва ба даст овардани акси муносиботашон аз ӯ барои паҳн накардани он пул талаб мекунад.Аммо ноболиғ бошад, ба мақомот шикоят мебарад ва ҷавон ҳангоми гирифтани маблағи зикршуда аз сӯи кормандони пулис дар Боғи парчами миллии шаҳри Гулистон дастгир мешавад.ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 250 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.Бар асоси Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи мазкур аз панҷ то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.Ин ниҳод дар гузашта низ дар баробари мардон занонеро низ боздошт карда буд, ки даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.Чунин ҳолатҳо асосан пас аз робитаҳои маҳрамона сурат мегирад, ки бо роҳи "шантаж" ҷониби дигар пул кор кардан мехоҳад.
https://sputnik.tj/20220909/shantazh-hamkhobagi-mard-tamaju-sughd-dastgir-1051292585.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/49/1028184948_58:0:2789:2048_1920x0_80_0_0_0e886bee6b78bc5fd5ea03dc05352a75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷавони тамаъҷӯ маъшуқа "шантаж" дастгир
ҷавони тамаъҷӯ маъшуқа "шантаж" дастгир
Баъди аввалин дидор: ҷавони тамаъҷӯ маъшуқаашро "шантаж" карду дастгир шуд
09:45 24.04.2023 (Навсозишуда: 13:18 25.04.2023) Дар шимоли Тоҷикистон пулис ноболиғдухтареро аз хатари ҳамчун манбаи даромад аз ҷониби ҷавони тамаъкоре мубаддал шуданаш наҷот додаанд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Як ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудааст.
Муттаҳам дар пайи шикояти ҷавондухтари ноболиғи 17-сола, сокини ноҳия Б. Ғафуров дастгир шудааст.
Ба гузориши РВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, боздоштшуда Н.З. бо ноболиғ сар аз моҳи марти соли ҷорӣ шиносоӣ пайдо менамоянд.
Аммо ҷавон пас аз аввалин дидорашон бо духтар ва ба даст овардани акси муносиботашон аз ӯ барои паҳн накардани он пул талаб мекунад.
“Аз духтар бар ивази паҳн накардани аксҳояш 2300 сомонӣ талаб кардам”,- гуфт дастгиршуда зимни бозпурсӣ ба кормандони пулис.
Аммо ноболиғ бошад, ба мақомот шикоят мебарад ва ҷавон ҳангоми гирифтани маблағи зикршуда аз сӯи кормандони пулис дар Боғи парчами миллии шаҳри Гулистон дастгир мешавад.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 250 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Бар асоси Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи мазкур аз панҷ то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин ниҳод дар гузашта низ дар баробари мардон занонеро низ боздошт карда буд, ки даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.
Чунин ҳолатҳо асосан пас аз робитаҳои маҳрамона сурат мегирад, ки бо роҳи "шантаж" ҷониби дигар пул кор кардан мехоҳад.