"Шантаж" баъди радди ҳамхобагӣ: марди тамаъҷӯе дар Суғд дастгир шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Обуна шудан
Мард пас аз радди даъват ба муносибатҳои маҳрамона хост ,аз зан бо таҳдиди беобрӯкунӣ пул ситонад, аммо ин кор ӯро пушти панҷара бурд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Як марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудааст.
Муттаҳам дар пайи шикояти ҷавонзани 30-солаи ҳамин ноҳия дастгир шудааст.
Ба гузориши РВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, боздоштшуда Р. Ғ. бо ҷавонзани муносибати дӯстона пайдо мекунад ва аксу маълумоти марбут ба ҳаёти шахсии ӯро ба даст меорад.
Гуфта мешавад, мард дар идома аввал ҷабрдидаро ба муносибатҳои маҳрамона моил намуда, пас аз дарёфти посухи рад даст ба иръоб ва ё "шантаж" мезанад

"Вақте ҷавонзан таклифу пешниҳоди ҳамхобагиро рад менамояд, бо таҳдиди оне ки акс ва маълумот дар хусуси муносибат доштанашонро ба пайвандонаш хабар медиҳад, ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, ӯро беобрӯ мекунад, 50 ҳазор сомонӣ талаб кардааст,"- афзудааст манбаъ.

Ҳамин тариқ гумонбаршуда пас аз гирифтани 10 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.
Номбурда зимни бозпурсӣ ба кормандони пулис гуфт: "Аксҳои худаш, оилааш, фарзандонаш ҳаст. Ба ӯ гуфтам, ки агар пулро надиҳӣ, аксҳоятро ба бародаронат нишон медиҳам".
ВУД мегӯяд, аз руи ин ҳодиса нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 250 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонуни ҷиноии кишвар маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ солро пешбинӣ мекунад.
Ин ниҳод дар гузашта низ дар баробари мардон занонеро низ боздошт карда буд, ки даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.
Чунин ҳолатҳо асосан пас аз робитаҳои маҳрамона сурат мегиранд, ки бо роҳи "шантаж" ҷониби дигар пул кор кардан мехоҳад.
Ҳафтаи қаблӣ низ ВКД ҷавони 19-солаеро бо ҳамин иттиҳом боздошт карда буд, ки бо духтари донишҷӯе шинос шуда, бо роҳи иръоб ӯро чун ҳамёни зинда истифода мекард.
Лентаи хабарҳо
0