Ҳикматиёр ҷанг дар Афғонистон поён наёфтааст

© AP / Ebrahim NorooziБоевики движения "Талибан" на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Обуна шудан
Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон гуфтааст, ҷанг дар Афғонистон ҳануз поён наёфта ва ин кишвар ҳамчунон дар ишғоли Амрико қарор дорад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Гулбудини Ҳикматёр, дар ҳузури ҷамъе аз аъзои Ҳизби исломӣ дар Кобул, бидуни зикри номи Ҷабҳаҳои низомии мухолифи толибҳо, гуфтааст, ки неруҳои низомӣ ва комондуҳое, ки НАТО дар 20 соли гузашта омузиш додааст, инак бори дигар аз кишварҳои хориҷӣ барои ҷанг ба Афғонистон эъзом мешаванд.
“Паҳподҳои Амрико ҳануз ба тарзи физояндае дар фазои Афғонистон дида мешаванд ва амрикоиҳо "ҷанги худро алайҳи афғонҳо мутаваққиф накарда ва дар талоши як ҷанги мусаллаҳонаи дигар дар Афғонистон ҳастанд", - таъкид катаъкид кард вай.
Оқои ҳикматиёр қайд кардааст, мебенад афсарони афғоне, ки ба дасти НАТО омӯзиш дида буданд ва дар 20 соли гузаштаи алайҳи мардум Афғонистон ҷангиданд, акнун онҳоро назм медиҳанд ва ба онҳо дафтар медиҳанд ва ба Афғонистон мефиристанд.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Нур: Бо Раббонӣ, Исмоилхон, Қонунӣ ва Масъуд якҷо бар зидди толибҳо мубориза мебарем
Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон афзуд, ки амалиёте, ки ба дасти ин афсарон дар Афғонистон сурат мегирад, бозтоби густардаи расонаӣ дода мешавад. Ин он маъноро дорад, ки ҷанг ҳануз ҳам ҷараён дорад ва мутаваққиф нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан чеҳраҳои шинохтаи сиёсии Афғонистон эълон карданд, ки имкон дорад барои муқовимат бо гурӯҳи ҳоким дар ин кишвар муттаҳидона муборизаро оғоз кунанд.
Волии пешини Балх Атои Муҳамади Нур, мегуяд ки бо тавваҷуҳ ба вазъияти кунунӣ, ниёз аст то неруҳои зиди толибҳо канори ҳам қарор гиранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Нур дар паём идонаи худ гуфтааст, ки бо Салоҳиддин Раббонӣ, Исмоилхон, Юнус Қонунӣ ва Аҳмад Масъуд як ҷо бар зиди толибҳо мубориза хоҳем кард.
Лентаи хабарҳо
0