Боздиди Раҳмон аз якумин коргоҳи забҳи паранда дар минтақаи Бохтар

© Пресс-служба президента ТаджикистанИфтитоҳи коргоҳи забҳи паранда дар шаҳри Бохтар
Ифтитоҳи коргоҳи забҳи паранда дар шаҳри Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ба фаъолияти коргоҳи забҳи парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафаров Холназар” оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ба фаъолияти коргоҳи забҳи паранда ҳусни оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президент.
Ба гуфтаи манбаъ коргоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва солҳои 2022-2026- Солҳои рушди саноат бунёд карда шудааст.
Таъкид шудааст, ки ин якумин коргоҳи забҳи паранда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.
Дар заминаи ба кор андохтани коргоҳи мазкур беш аз 35 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Тибюқи иттилои манбаъ, дар коргоҳ имкон аст дар як рӯз то 10 ҳазор сар паранда забҳ карда шавад.
Визит Эмомали Рахмона в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Сафари президент ба Хатлон ва шиносоӣ бо роҳсозӣ
Президенти кишвар зимни суҳбат бо мақомоти вилоят ва соҳибкорон таъкид кард, ки бунёдичунин корхонаҳои замонавӣ дар зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сифатноки ватанӣ, хосса гӯшти паранда замина мегузорад.
“Акнун парандапарварон дар минтақаи Бохтар имкон доранд аз хизматрасонии босифат дар самти забҳ ва банду басти паранда истифода намоянд”, - гуфт Раҳмон.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти гӯштии корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Бохтар дидан намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 2 корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ фаъолият мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании дорои сифати баланд супориш дод.
Лентаи хабарҳо
0