Рустами Эмомалӣ ягона номзад ба мақоми президентӣ дар ниҳоди байналмилалӣ

© SputnikРустами Эмомали, архивное фото
Рустами Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Обуна шудан
Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе аввали моҳи май дар назар аст, президенту дигар роҳбаронро интихоб мекунад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ номзадҳо ба мақомҳои роҳбарӣ дар ин ниҳодро ба тасвиб расонд, иттилоъ дод сомонаи CAFA.
Ба иттилои ин ниҳод, президенти феълии CAFA, Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатии роҳбари ин созмон мебошад.
Интихобот дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки 2 май дар Душанбе баргузор мешавад, дар назар мебошад.
Тавзеҳ дода шудаст, ки тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи оянда, яъне то соли 2027 сурат мегирад.
Игроки сборной России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Мунтахаби футболи Русия аз иштирок дар мусобиқаи CAFA даст кашид
Дар ин ҳамоиш дар баробари президент, инчунин ду ноиби ӯ, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб мегарданд.
Номзадҳо ба мақоми ноиби президенти CAFA, Муҳаммад Юсуф Коргар аз Афғонистон, Арслан Айназаров аз Туркманистон ва Равшан Ирматов аз Ӯзбекистон мебошанд.
Ба узвияти Кумитаи иҷроияи КФО, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, номзадии Достонбек Конокбоев аз Қирғизистон пешниҳод гардидааст.
Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи CAFA, Ҳидоят Момбенӣ аз Эрон муайян шудааст, омадааст дар сомонаи ин созмон.
Лентаи хабарҳо
0