Мунтахаби футболи Русия аз иштирок дар мусобиқаи CAFA даст кашид

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкИгроки сборной России
Игроки сборной России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Обуна шудан
Тавре дабири кулли Иттиҳодияи футболи Русия тавзеҳ дод, сабаби аслии иштирок накардан дар ин мусобиқаро афзоиши зарфияти кор ба бозигарон мебошад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби Русия аз ширкат дар мусобиқаи дӯстонаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) даст кашид.
Дар ин бора дабири кулли Иттиҳодияи футболи Русия Максим Митрофанов хабар дод.
"Мо ба CAFA номаи расмӣ фиристодем, ба ҳамкасбонамон изҳори сипос кардем. Як қатор мушкилоти ташкилӣ дорем. Маҷбур шудем, ки радд кунем. Мушкиле дар бораи афзоиши зарфияти кор ба бозигарон вуҷуд доранд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, қарор буд ҷониби Русия ҳадди ақал чаҳор бозиро баргузор кунад.
Вай ҳамчунин илова кард, ки байни рӯзҳои 11-ум ва 15-ум барои намояндагони чанд даста танаффуси кӯтоҳе вуҷуд дорад, ғайр аз ин, ҳаво дар ин вақт гарм аст.
Дар ҳамин ҳол, оқои Митрофанов иштироки доварони Русияро дар ин мусобиқа истисно накард.
Футбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Иштироки мунтахаби Русия дар мусобиқаи CAFA: тафсилоти нав
"Агар ҳамкорон мо ба кумаки доварони мо ниёз дошта бошанд ва онҳоро даъват кунан ман фикр мекунам, ки ин барои доварони мо як таҷрибаи муҳим хоҳад буд. Мо ин пешниҳодро баррасӣ хоҳем кард", - гуфт дабири кулли Иттиҳодияи футболи Русия.
Қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории РИА “Новости” гуфта буд, ки мунтахаби Русия ширкат дар мусобиқаи CAFA-ро тасдиқ кардааст.
Сипас Иттиҳодияи футболи Русия изҳор дошт, ки имкону шароити иштироки тими миллии кишвар ҳоло ҳам дар ҳоли баррасӣ аст.
Аввалин чемпионати CAFA аз 9 то 21 июн дар шаҳрҳои Бишкек ва Тошканд баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаҳои Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин дар ин мусобиқа иштироки як тими дигари осиёӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0