https://sputnik.tj/20230423/hadaf-strategi-hukumat-danghara-allakay-ijro-1056624283.html
Ҳадафи стратегии ҳукумат дар Данғара иҷро шуд
Ҳадафи стратегии ҳукумат дар Данғара иҷро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳадафи чоруми стратегияшро табдил додани ҷумҳурӣ аз аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ мебошад, дар ҳудуди Данғара аллакай иҷро шудаст
2023-04-23T09:30+0500
2023-04-23T09:30+0500
2023-04-23T09:30+0500
дар тоҷикистон
саноат
ҳукумат
данғара
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102057/33/1020573349_0:46:2048:1198_1920x0_80_0_0_ca7d59ba14ee149e9660776d09c07e48.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Данғара, ки ноҳияи аграрӣ буд, феълан ба саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтааст, изҳор дошт, раиси ноҳия, Исломиддин Раҳмон. Ӯ дар суҳбат нашрияи ҳукуматӣ, "Ҷумҳурият" иттилоъ додаст, ки соли 2022 корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 2,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати соли қаблӣ 211 млн сомонӣ зиёд мебошад. Вай зикр намуд, ки феълан дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" 35 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки айни ҳол 12 ададашон фаъолият доранд. Инчунин, муроҷиатҳо барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ чӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва чӣ аз ҳисоби ширкатҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳоли баррасӣ қарор доранд, илова намуд ӯ. Дар зимн таъкид намудаст, ки кишоварзӣ низ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба шумор меравад. Раиси ноҳияи Данғара зикр гардидаст, ки дар соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1,5 млрд сомонӣ расидаст, ки дар муқоиса бо нишондоди соли қаблӣ 45 млн сомонӣ зиёд мебошад. Табдил ёфтани Данғара аз аграрӣ ба саноатӣ - аграрӣ дар ҳолест, ки ҳукумати кишвар табдили ҷумҳуриро ба саноатӣ - аграрӣ ҳадафи чоруми стратегии худ қарор додаст.
https://sputnik.tj/20230112/danghara-khatlon-behtarin-donist-1054136648.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102057/33/1020573349_58:0:1878:1365_1920x0_80_0_0_0558aa672e340e9d6201dda4bd2a2dcb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, тоҷикистон, чорум, стратегӣ, аграрӣ
ҳукумат, тоҷикистон, чорум, стратегӣ, аграрӣ
Ҳадафи стратегии ҳукумат дар Данғара иҷро шуд
Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳадафи чоруми стратегияшро табдил додани ҷумҳурӣ аз аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ эълон кард, дар ҳудуди Данғара аллакай иҷро шудаст
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Данғара, ки ноҳияи аграрӣ буд, феълан ба саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтааст, изҳор дошт, раиси ноҳия, Исломиддин Раҳмон.
Ӯ дар суҳбат нашрияи ҳукуматӣ, "Ҷумҳурият" иттилоъ додаст, ки соли 2022 корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 2,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати соли қаблӣ 211 млн сомонӣ зиёд мебошад.
"Данғара ноҳияи аграрӣ буд ва имрӯз бо ташаббуси соҳибкорон рушди соҳаи саноат ривоҷи тоза гирифт. Имрӯз Данғара ноҳияи саноативу аграрӣ эълон гардидааст", - гуфт раис.
Вай зикр намуд, ки феълан дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" 35 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки айни ҳол 12 ададашон фаъолият доранд.
Инчунин, муроҷиатҳо барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ чӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва чӣ аз ҳисоби ширкатҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳоли баррасӣ қарор доранд, илова намуд ӯ.
Дар зимн таъкид намудаст, ки кишоварзӣ низ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба шумор меравад.
Раиси ноҳияи Данғара зикр гардидаст, ки дар соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1,5 млрд сомонӣ расидаст, ки дар муқоиса бо нишондоди соли қаблӣ 45 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Табдил ёфтани Данғара аз аграрӣ ба саноатӣ - аграрӣ дар ҳолест, ки ҳукумати кишвар табдили ҷумҳуриро ба саноатӣ - аграрӣ ҳадафи чоруми стратегии худ қарор додаст.