Данғара дар Хатлон беҳтарин дониста шуд

Рамзи "Хӯшаи гандум" дар ноҳияи Данғара
Рамзи Хӯшаи гандум дар ноҳияи Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Обуна шудан
Дар Хатлон бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон озмуни вилоятии беҳтарин маҳалла, деҳот ва ноҳия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ноҳияи Данғара беҳтарин ноҳияи вилояти Хатлон дар соли 2022 дониста шуд, иттилоъ дод мақомоти иҷроияи вилоят.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, диплому мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомониро ба раиси Данғара, Исломиддин Раҳмон сарвазири кишвар, Қоҳир Расулзода ва раиси нави вилоят, Давлаталӣ Саид тақдим намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Хатлон озмуни вилоятии беҳтарин хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот ва ноҳия роҳандозӣ гардидаст.
Дар пайи арзёбии натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии як соли охир навоҳии ҷануби Хатлон Данғара беҳтарин дар ин бахш арзёбӣ гардидааст.
Опоры ЛЭП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Даромади Хатлон аз фурӯши барқ ба хориҷа эълон шуд
Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои иҷрои барномаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки тайи 2019-2021 давом дошт, дар ноҳияи Данғара беш аз 300 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин ба иттилои мақомоти Хатлон аз нигоҳи тавлидоти саноатӣ низ ноҳияи Данғара яке аз мақомҳои пешсафро ишғол мекунад.
Аз ҷумла ба ноҳияи Данғара беш аз 21%-и тавлидоти саноатии Хатлон рост меояд, ки аз он танҳо шаҳри Норак, ки калонтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон дар ин шаҳр ҷойгир аст, пештар ҷой гирифтааст.
Ҳиссаи шаҳри Норак дар маҷмӯи умумии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар соли гузашта беш аз 24% арзёбӣ гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0