https://sputnik.tj/20230422/rusiya-mavodi-sukht-puli-milli-1056621457.html
Русия тамоми маводи сӯхташро бо пули миллӣ мефурӯшад
Русия тамоми маводи сӯхташро бо пули миллӣ мефурӯшад
Sputnik Тоҷикистон
Тамоюли истифодаи доллар ва евро дар ҳоли ҳозир коҳиш меёбад ва таваҷҷӯҳ ба харидани захираҳои Русия эҷоди механизмҳои нави ҳисоббаробаркуниро тақозо мекунад
2023-04-22T19:30+0500
2023-04-22T19:30+0500
2023-04-22T19:30+0500
дар русия
доллар
евро
ҳисоббаробаркунӣ
пардохт
пули миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047688704_0:90:2887:1714_1920x0_80_0_0_ceb492f439ae4e2a1691baf84cd718fc.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Русия дар фурӯши манобеи энержӣ ба пардохти пули миллӣ мегузарад ва талош дорад аз истифодаи евро ва доллар даст кашад.Дар ин бора муовини нахуствазир Александр Новак дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1" хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир тамоюли истифода аз доллару евро коҳиш ёфта ва ҳоло харидани манобеъи энержии Русия эҷоди механизмҳои нави ҳисоббаробаркуниро тақозо мекунад."Бо дарназардошти мушкилоти кунунӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо бо ин асъор, дар ҳисобҳои худ мо танҳо ба пули миллӣ мегузарем, ҳоло ба юан талабот ҳаст, рубл ҳам талабгор дорад", - гуфт Новак.Муовини раиси ҳукумати Русия афзуд, ин раванд идома хоҳад ёфт: пардохт барои газ аз Чин аллакай бо юан сурат мегирад, қисман ҳамин чиз ба нафт низ дахл дорад."Ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл низ сурат мегиранд. Мо минбаъд низ ин ҳисоббаробаркуниҳои мутақобиларо бо пули миллӣ бештар хоҳем кард", - таъкид кард ӯ.Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз истифодаи пули дастаҷамъӣ дар чаҳорчӯби БРИКС ҷонибдорӣ карда буд.Вазири хориҷаи Русия қайд кард, ки аксари кишварҳо зарурати раванди даст кашидан аз долларро дарк мекунанд.
https://sputnik.tj/20230414/bonki-jahoni-rubl-rusi-metavonad-jogyzini-dollar-1056453365.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047688704_156:0:2887:2048_1920x0_80_0_0_242854415964b5a51348f9a74e03c7ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, маводи сӯхт, пули миллӣ, ҳисоббаробаркуниҳо, доллар, евро
русия, маводи сӯхт, пули миллӣ, ҳисоббаробаркуниҳо, доллар, евро
Русия тамоми маводи сӯхташро бо пули миллӣ мефурӯшад
Тамоюли истифодаи доллар ва евро дар ҳоли ҳозир коҳиш меёбад ва таваҷҷӯҳ ба харидани захираҳои Русия эҷоди механизмҳои нави ҳисоббаробаркуниро тақозо мекунад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Русия дар фурӯши манобеи энержӣ ба пардохти пули миллӣ мегузарад ва талош дорад аз истифодаи евро ва доллар даст кашад.
Дар ин бора муовини нахуствазир Александр Новак дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир тамоюли истифода аз доллару евро коҳиш ёфта ва ҳоло харидани манобеъи энержии Русия эҷоди механизмҳои нави ҳисоббаробаркуниро тақозо мекунад.
"Бо дарназардошти мушкилоти кунунӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо бо ин асъор, дар ҳисобҳои худ мо танҳо ба пули миллӣ мегузарем, ҳоло ба юан талабот ҳаст, рубл ҳам талабгор дорад", - гуфт Новак.
Муовини раиси ҳукумати Русия афзуд, ин раванд идома хоҳад ёфт: пардохт барои газ аз Чин аллакай бо юан сурат мегирад, қисман ҳамин чиз ба нафт низ дахл дорад.
"Ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл низ сурат мегиранд. Мо минбаъд низ ин ҳисоббаробаркуниҳои мутақобиларо бо пули миллӣ бештар хоҳем кард", - таъкид кард ӯ.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз истифодаи пули дастаҷамъӣ дар чаҳорчӯби БРИКС ҷонибдорӣ карда буд.
Вазири хориҷаи Русия қайд кард, ки аксари кишварҳо зарурати раванди даст кашидан аз долларро дарк мекунанд.