Бонки ҷаҳонӣ бар он аст, ки рубли русӣ метавонад ҷогузини доллар шавад

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Обуна шудан
Коршиноси Бонки ҷаҳонӣ ахиран эълон кард, ки рубли русӣ бо сиёсати дурусти молиявӣ метавонад ҷойгузини пули амрикоӣ - доллар шавад
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани сиёсати молиявӣ рубли русӣ имкон дорад ҷойгузини доллар шавад ва ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл метавонанд ба рушди иқтидорҳо ва содироти технологияҳои баланд дар Русия, мусоидат намояд.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА “Новости” мудири иҷроият дар умури Русия ва Сурия дар гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Роман Маршавин, изҳори назар карадааст.
"Ба андешаи шахсии ман, рубл метавонад ҷойгузини доллари амрикоӣ шавад, агар сиёсати молиявӣ дуруст ба роҳ монда шавад, мо барои ин ҳама имконотро дорем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, яке аз шартҳои асосии ин пасттарин сатҳҳои қарзи давлатии Русия дар ҷаҳон ва мувозинати мусбати тиҷоратӣ, инчунин устувории низоми сиёсӣ мебошад, ки “эмитентҳои кунунии асъорҳо захиравӣ надоранд ва ҳоли муфлисшавӣ қарор доранд”.
Президент РФ В. Путин встретился с матерями военнослужащих - участников СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Путин: Рубли русӣ яке аз қавитарин асъор дар ҷаҳон шудааст
"Ман итминон дорам, ки ҳисоббаробаркуниҳои рублӣ оянда дорад, ва ин раванд метавонад ба рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар дохили Русия ва афзоиши содироти технологияҳо мусоидат кунад”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфта буд, ки бӯҳрони низоми бонкии Амрико кишварҳоеро фаро хоҳад гирифт, ки бештар ба доллар такя мекунанд.
Вай гуфта буд, ки кишварҳо бояд аз доллари амрикоӣ худро канор бигиранд.
"Вашингтон, дар ҳалли мушкилот бо роҳи маъруф - бо чопи долларҳои бетаъмин – таварруме ба вуҷуд овард, ки дар тӯли 40 соли охирмушоҳида нашуда буд”, - таъкид кард Володин.
Лентаи хабарҳо
0