Пирӯзии Давлатмуродов бар размикори амрикоӣ Адамс дар мусобиқаи Bellator

© Фото : SputnikМухамед Берхамов и Шараф Давлатмуродов, архивное фото
Мухамед Берхамов и Шараф Давлатмуродов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2023
Обуна шудан
Бо қарори якдилонаи доварон дар натиҷаи се даври мусобиқа размикори тоҷик Давлатмуродов ғолиби муҳориба дониста шуд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Размикори рустабори тоҷик Шараф Давлатмуродов бар варзишгари амрикоӣ Энтони Адамс пирӯз шуд.
Муҳорибаи размикорон дар доираи мусобиқаи промоушении Bellator, ки дар ҷазираҳои Ҳавайӣ баргузор шуд, сурат гирифт.
Дар муҳориба Давлатмуродов бартарӣ дошт. Дар анҷоми муҳориба ба ӯ муяссар шуд, ки ҳарифро ба замин афтонад ва ба сараш чанд зарба занад, вале баъдан садои бонг садо дод ва мубориза қатъ шуд.
Бо қарори якдилонаи доварон дар натиҷаи се давр пирӯзӣ ба Давлатмуродов дода шуд.
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Нурулло Алиев аз раҳбари UFC даъват кард, ки размикорони тоҷикро бештар ҷалб намояд
Ҳамин тариқ, Давлатмуродов бохташро дар набардҳои қаблӣ ҷуброн кард: Ёдовар мешавем, ки дар муҳорибаи аввалаш дар Bellator аз размикори рус Анатолий Токов шикаст хӯрд.
Ҳоло Давлатмуродов, ки бо лақаби “Волкодав” маъруф аст, дар ҳисобаш 19 пирӯзӣ, 4 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0