Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кушиши ҳамлаи ҷавобии артиши Украина дар чаҳор хати ҷанг ноком шуд

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий артиллерийского расчета РСЗО "Ураган" вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО
Военнослужащий артиллерийского расчета РСЗО Ураган вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2023
Обуна шудан
Раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск гуфт, артиши Русия аз кушиши ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои украинӣ дар чаҳор самти ҷанг ҷилавгирӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Артиши Украина дар ҳамлаҳои ҷавобиаш шикаст хурд гуфт, Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶМД Денис Пушилин дар мусоҳиба бо шабкаи телевизиони "Россия 24".
"Дар чор самт душман бо гурӯҳҳои хурд бо дастгирии нерӯҳои тӯхонаӣ ба ҳамлаи ҷавобӣ шурӯъ кард. Нерӯҳои мо дар шароити душвор аз ҳамлаҳои ҷавобии артиши Украина ҷилавгирӣ карданд. Душман тақрибан чизе аз дасташ наомад ва ҳич минтақаро ҳам таҳти назорати худ нагирифт. Ин корро сарбозони мо талошҳои хеле ҷиддӣ ҷилавгирӣ карданд”, гуфт ӯ.
Пушилин дар бораи эҳтимоли ҳамлаи густардаи ҷавобии артиши Украина изҳори назар кард ва гуфт муваффақияти ин иқдом шубҳанок аст.
"Дар баробари ин, ба далели иттилооти зиёд - пур кардани воқеъият ва барқасдона, пешгӯии самтҳои мушаххаси чунин ҳамла ҳанӯз имконнопазир аст", - таъкид кард мансабдор.
Американская система залпового огня HIMARS, которая осуществляет пуски ракет Precision Strike Missile - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия бори аввал, дар минтақаи амалиёти вижа бомби ҳушманди украиниҳоро нобуд кард
Дар авоили моҳи апрел, Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, изҳори умед кард, ки дар ҳафтаҳои оянда ҳамлаи ҷавобии артиши Украина сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Украина Олексей Резников таъкид кард, ки барои ҳамлаи ҷавобӣ бояд беҳтар шудани обу ҳаворо интизор шуд. Дар баробари ин, сарвазири Украина Денис Шмихал эълон кард, ки ҳамла дар моҳҳои тобистон сурат мегирад.
Тавре сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков қайд кард, ҳама гуна изҳорот дар бораи ҳамлаи қарибулвуқӯъи артиши Украина бодиққат назорат ва ҳангоми тарҳрезӣ ба инобат гирифта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0