Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия бори аввал, дар минтақаи амалиёти вижа бомби ҳушманди украиниҳоро нобуд кард

© Ricardo Hernandez-Arocho / Public DomainАмериканская система залпового огня HIMARS, которая осуществляет пуски ракет Precision Strike Missile
Американская система залпового огня HIMARS, которая осуществляет пуски ракет Precision Strike Missile - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Обуна шудан
Вазорати дифоъ мегӯяд, барои аввалин бор аст, ки артиши Русия дар минтақаи амалиёти вижа мушаки идорашавандаи системи чандгонаи GLSDB-ро нобуд кард
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, барои нахустин бор аст нерӯҳои Русия як мушаки идорашавандаи GLSDB MLRS – бомби "ҳушманд"-е, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украина интиқол додааст, нобуд сохт.
"Дар як рӯз системаҳои дифои ҳавоӣ 18 мушаки системи HIMARS ва як мушаки идорашавандаи GLSDB-ро нобуд сохтанд", - гуфта мешавад дар изҳороти вазорати дифоъ, ки ахиран дар Telegram канали ин ниҳоди низомӣ нашр шдааст.
Илова бар ин, нирӯҳои Русия дувоздаҳ паҳподи украиниро дар маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Запорожье, ҶМЛ, ҶМД ва вилояти Харков нобуд карданд.
Работа расчетов огнеметных систем ТОС -1А Солнцепек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Системаи "Солнтсепёк" ба мавқеъҳои артиши Украина дар самти Авдиевка зарба зад
Қаблан хабар дода шуда буд, ки низомиёни рус як чархболи украиниро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ сарнагун кардаанд.
Субҳи 9 март нерӯҳои Русия амалиёти ҳамларо дар минтақаи Артемовск идома доданд. Нерӯҳои гурӯҳи "Вагнер" ба самти шарқ пеш мерафтанд. Илова бар ин онҳо ба шоҳроҳи Т0504 дар ҷанубу ғарби Бахмут наздик шуданд.
Воҳидҳои ҷудогонаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош доранд, шаҳрро тарк кунанд, аммо даргириҳо шадид аст.
Дар шимоли самти Авдеевский, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар минтақаи деҳаи Красногоровка амалиёти ҳуҷум анҷом медиҳанд. Онҳо аз озод шудани деҳаи Веселое хабар медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0