Иди Рамазон дар Тоҷикистон кай таҷлил мешавад?: Посухи Кумитаи дин

© Sputnik / Амир Исаев, STR / Гузариш ба медиабонкПразднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳафтаи оянда мӯъминони Тоҷикистон рӯзи муҳим барои ҳар як мусалмон - Иди Фитрро, ки дар поёни моҳи шарифи Рамазон ҷашн мегиранд, таҷлил хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тибқи маълумоти пешакӣ моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа яъне 21 апрел ба поён мерасад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин хабар дод.
“Ба эҳтимоли зиёд 21 апрел Иди Рамазон таҷлил мешавад”, - тавзеҳ дод сухангӯи Кумитаи дин.
Дар ҳамин ҳол вай илова кард, ки санаи дақиқи рӯзи ид сешанбеи ҳафтаи оянда рӯзи 18 апрел дар ҷаласаи Шӯрои уламо эълон мешавад.
Женщина мусульманка молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Раҳмати ғизоӣ дар моҳи Рамазон: Ифтори мусалмонони ҷаҳон дар акс
Ёдовар мешавем, ки иди Рамазон барои ҳар як мусалмон баъд аз моҳи рӯзадорӣ 3 рӯз идома мекунад. Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 23 март оғоз шуд.
Рӯзи таҷлили Иди Рамазон дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат аст. Тибқи анъана дар тамоми масҷидҳои бузурги шаҳру навоҳии кишвар субҳ намози Ид барпо мегардад ва пас аз он мардум ба аёдати хешу табор ва наздикон мераванд.
Лентаи хабарҳо
0